Конститутсия – кафолати таъмини рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ

Ноябрь 3, 2016 17:23

novyj_risunokДушанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 22-юмин солгарди он дар ҷумҳурӣ таҳлил мегардад, дар таърихи мамлакат рўйдоди беназир арзёбӣ гардида, дар самти фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ нақши муҳим ва авалиндараҷа дорад.

Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.

Нахустин ҳуҷҷати стратегие, ки баъди кабули Конститутсия ҷиҳати таназули иқтисодиёт таҳия ва қабул гардид, ин «Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000» мебошад ва ин ҳуҷҷат баътар ба барномаҳои иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор иваз гардид.

Бо қабул ва татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушд, як силсила барномаҳои рушд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусиву соҳибкорӣ ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон чорчўбаи зарурии суботи макроиқтисодӣ барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ташкил гардид.

Ҳоло дар мамлакат беш аз 122 барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мавриди амал қарор доранд.

Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи иқтисодию иҷтимоии давлат қабул гардидани барномаҳои мухталифи иқтисодӣ ва татбиқи бомароми онҳо ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ  самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам омад.

Аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад, зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои 1994-2015 дар натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» тақрибан 12 279 адад иншооти хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуд.

Баъдан қабули қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шах сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ»,«Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва дигар санадҳо ҷиҳати рушди фаьолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмўъ, то инҷониб дар доираи Конститутсия ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти  соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқӣ як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ, такмил ва устувор гардидани базаи қонунгузорӣ дар самти дастгирии  бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳиссаи ин бахни мурими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2015-ум 67 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли аввали қабули Конститутсия ба 15% баробар буд.

Дар давоми 22 соли охир аҳолии машғули кор дар баҳши хусусӣ беш аз 2,6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурд тақрибан 1,6 маротиба ва  фонди музди меҳнат 658,2 маротиба афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 1995 даромади корхонаҳои хурд аз фурўши маҳсулот 0,1 млн. сомониро таш кил дода бошад, пас  ин рақам дар соли 2015 6170,9 млн. сомониро дарбар мегирад.

Ҳамзамон дар ин давра шумораи шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд, тақрибан 33,4 маротиба, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун шакли пешбарандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши аграрӣ 617 ва андозаи миёнаи масоҳати замини дар  ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) қарордошта беш аз 282,5 маротиба зиёд гардидаанд.

Баъд аз  муътадил гаштани вазьияи макроиқтисодӣ Ҳукумати Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати стратегиро бо мақсади анҷоми ислоҳоти ҷиддии сохторӣ  дар бахшҳои афзалиятноки мамлакат таҳия ва татбиқ намуд, аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015»,«Стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Точикистон барои солҳои 2013-2015» қабул гардида. ба иҷро расиданд. Бо амалӣ гардидани  санадҳои муҳими стратегӣ марҳалаи шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёти бозаргонӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷанбаи комилан нави сифатиро ба худ касб кард.

Барои татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 127 млрд. сомонӣ тавассути амалӣ гаштани стратегияҳои миёнамуҳлат масраф шудааст. Аз ин маблағҳо, 77,5 млрд. сомонӣ ё худ 61% аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 3,8 млрд. сомонӣ ё худ 3% аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 45,7 млрд. сомонӣ ё худ 36% сармоягузориҳои хориҷӣ мебошанд.

Дар натиҷаи татбиқи дуруст ва самараноки стратегияҳои мазкур, сатҳи камбизоатӣ тақрибан 2 маротиба коҳиш ёфт, рушди иқтисодиёт дар сатҳи миёнаи 7% таъмин гардид, суботи макроиқтисодӣ ба даст омад, таваррум коҳиш ёфт, даромади аҳолӣ хеле боло рафт. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки маблағҳои бештар ба неруи инсонӣ, чун сарчашмаи бунёдии рушди минбаъдаи иқтисодиёти бозаргонӣ равона карда шаванд.

Сарфи назар аз мушоҳида гаштани тамоюлҳои мусбат дар самтҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ҳоло ҳам масъалаҳои баланд бардоштани истифодаи самараноки сарватҳои миллӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, суботи экологӣ, таҳкимбахшии диверсификатсияи фаъолияти иқтисодӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дастгирии бахшҳои хусусию соҳибкорӣ,  махсусан соҳибкории истеҳсолӣ фаъолсозии минбаъдаро тақозо мекунанд.

Имрўз Тоҷикистон дар марҳалаи рушд қарор дорад. Бо ин мақсад ва ҳалли масъалаҳои мазкур бо супориши бевоситаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Консепсияи рушди кишвар барои давраи то соли 2050» ва «Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2030» мавриди таҳия қарор доранд, ки асоси воқеии ин хуҷҷатҳои стратегиро рушди минбаъдаи иқтисодиёти бозаргонӣ дар  заминаи рушди соҳибкорӣ ташкил медиҳад.

Дар охир ҳаминро бояд зикр намуд, ки аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлол то имрўз дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешрафтҳои назаррас  ба амал омаданд. Соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус бахши воқеии иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, танҳо дар сурати риояи қонунҳои танзимкунанда метавонанд рушду тараққӣ намоянд. Аз ин рў, мо бояд эҳтиром намудани ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа ва ҷиддӣ  омўзем, аз имкониятҳои он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар дар ин замина ба пешрафту комёбиҳо ноил гардем

                                        

А. И. Одинаев, муовини сардори
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд