Конститутсия-шаҳодатномаи давлат аст!

Ноябрь 2, 2016 16:06

«Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо махсусиятҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ҳисобида шуда, дар давраҳои муайяни таърихӣ рушду такомул ёфтааст, ки раванди он ба ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарвар маълум аст.

Зимнан, барои мо-мардуми тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат-  истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонун эҷод кунем. Тавре медонем, роҳи истиқлолият барои мо ҳамвор набуд, махсусан даҳсолаи аввали он, ки қонуни ҳар кас яроқаш буд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои душвор ва барои миллати тоҷик тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад ва миллати перешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ намуда, заминаҳои давлатдории конститутсионӣ ва қонунсолориро гузошт.

Соли равон аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври арзанда ҷашн гирифта, ҳамзамон ба ёд овардем, ки дар тӯли ин солҳо бо вуҷуди сахтиҳои ибтидои роҳ, дар идома таҳти сарварии Пешвои хирадмандамон ба як қатор дастоварду муваффақият ва хушбахтиҳо ноил гаштем. Яке аз бузургтарин  дастовард- ин бар пояи Конститутсия таҳким бахшидани низоми қонунгузорӣ ба шумор меравад, ки ин раванд тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ соли равон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пайдо гашт. Мардуми ислоҳотхоҳ ва ташаббусписанди кишвар аз ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи нави қонунгузорӣ ва рушди кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда,  22.05.2016 ба ҷонибдорӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъй дод.

Нахуст, тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба таъмини рушди устувору муттасил, инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа равона гардида буд, ки мо дар чунин шароити ҳассоси геополитикӣ натиҷаҳои мусбати онро ҳис карда истодаем. Ҳамзамон тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, пояҳои низоми давлатдорӣ ва самаранокии низоми сиёсиро таҳкиму тақвият мебахшад.

Аз сӯи дигар, матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳ ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои забони давлатии имрӯзаи тоҷик таҳия гардидаанд, ки мазмунаш барои доираи васеи шаҳрвандон фаҳмо ва равшан аст.

Чизи дигаре, ки ҳисси ифтихори моро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Конститутсияи кишварамон баланд мекунад, ин мутобиқат намудани меъёрҳои он ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад, ки мавқеъ ва муносибати Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон мушаххас месозад. Имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ бо тамоми ҷаҳон муносибати густурдаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад ва карда ҳам истодааст.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимоми давлатдории худро мустаҳкам ба даст гирифтаем ва қодирем барои ояндаи ободу осудаамон талош варзем. Ин ҳуқуқи конститутсионии мост, ки баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои моро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин месозад. Яке аз дигар нишонаҳои қудрати Конститутсияи мо ин аст, ки мо тавонистем мустақилона роҳи худро интихоб намоем ва нагузорем, ки ҳеҷ кас аз берун ақида ва роҳу равиши хосеро сари мо таҳмил кунад. Зимнан, ин ҳуқуқи конститутсионии миллати тоҷик аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳимоя гардида, мавсуф дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Мо намехоҳем, ки роҳи пешгирифта, идеология ва сиёсати ягон давлати хориҷӣ ба дӯши халқи мо ва давлати мо зӯран бор карда шавад».

Меъёрҳои  Конститутсияи Тоҷикистон аз ин сабаб бо бартариятҳо ва хусусиятҳои хоси худ ҳамчун беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик аст. Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои миллат ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои мардумаш бахшидааст, баръало эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст:

«Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд».

Баёни ин воқеият ирода ва рӯҳу тавони миллати тоҷик, махсусан мо ҷавононро дар роҳи ватандориву ватансозӣ, ки бар пояи риояи меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфтаанд, дучанд месозад, зеро мо ба хубӣ дарк мекунем, ки Конститутсия болотар аз як санади муқаррарии меъёриву ҳуқуқӣ буда, ҳамчун шаҳодатномаи давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бо тақдирсоз будани худ дар миёни мардум ба сифати бахтнома маъруф гаштааст. Бо назардошти ин мо нигоштаи худро бо ин мисраъҳои воло ҷамъбаст мекунем:

Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён,

Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон.

Тоҷики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,

Бахтнома бар ту бошад болу пар, зӯру тавон.

 

Бахтнома такя гар дорад ба қонуни башар,

Такягаҳ дорад зи оинҳои фарҳанги Ватан,

Такягаҳ дорад зи аврангу зи аржанги Ватан,

Такягаҳ дорад ба ному номусу нанги Ватан.

Бахтнома ормони тоҷиконро зинда кард,

Бахту тахти тоҷиконро аз дигар поянда кард.

Поянда бод бахтномаи миллати тоҷик- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Орзу Ҳамидов,  роҳбари намояндагии

ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон

 

Ноябрь 2, 2016 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд