Конститутсия- таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст
Кӯлоб, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии масъулини ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯён доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иттилоъ доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти ин миллат нақши муносиб гузошта, дастовардҳои арзишманди миллиро пуштибонӣ кард ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Рӯҳияи идона аз ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи ватан ва хушбахтии кӯдакон аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия, истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медод».
Иштирокдорони мулокот ёдовар шуданд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи мардуми тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт шудааст, зеро дар ин рӯз аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






