Конститутсия таъмини волоияти қонун ва мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандиро унсури муҳими ташаккули давлат маънидод намуд

Ноябрь 3, 2016 12:17

Душанбе, 3.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, ки мавзӯи марказии баррасии Форуми имрӯза мебошад, қабл аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад», — иброз намуд Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун, ки имрӯз дар Душанбе ифтитоҳ гардид.
Маҳмадалӣ Ватанзода изҳори умедворӣ кард, ки Форуми мазкур майдони самаранок барои ҳамкорӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, инчунин муколама бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, бешубҳа, ба таҳкими қонуният дар ҶТ мусоидат мекунад.
«Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи ягдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи ҶТ қабул карда шуд, ки ин воқеаи нодиру фараҳбахш дар таърихи миллати тоҷик маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид». Ин нуктаро Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Конститутсионии ҶТ зимни маърӯзааш иброз намуд.
Ба ақидаи М. Маҳмудзода, Конститутсияи ҶТ бори нахуст Тоҷикистони азизи моро давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ кард ва таъмини волоияти қонун ва мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандиро унсури муҳими ташаккули давлат маънидод намуд.
Раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни суханронӣ изҳор намуд: «Таҷриба нишон медиҳад, ки мақому манзалати қонун дар давлатҳои демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим буда, риояву эҳтироми он шарти асосии таъминкунандаи рушду инкишофи ҷомеа ба шумор меравад, зеро таъмини волояти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ба хотири танзими ҳуқуқиву ба низомдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоту сохторҳои дахлдор амалӣ карда мешавад».
Валбурга Роос, директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ ва Ян Ҳарфт, директори кишварии Барномаи рушди СММ дар ҶТ низ дар Форум суханронӣ намуданд.
Сипас, ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи «Таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Баъд аз танаффус иштирокдорон вобаста ба манфиатҳои худ барои муҳокимаи тавсияҳо зимни натиҷаҳои Форуми қаблӣ ва мушаххас намудани вазъияти тавсияҳои қаблӣ ва ҳамчунин муайян намудани на зиёда аз панҷ мушкилот ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шуданд. Ҷаласаҳо дар гурӯҳҳои корӣ бо муаррифиномаҳои намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони мустақил оғоз гардида, то бегоҳ идома меёбанд.
Дар доираи баргузории Форум қабули Эъломияи душанбегии Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ноябрь 3, 2016 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд