Конститутсия-танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат

Ноябрь 2, 2016 15:42

Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 ноябри соли равон бо ибтикори факултети филология ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Конститутсия- танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат» ҷамъомад доир гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» — и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Сироҷиддини Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ муайянкунандаи роҳи фардои миллати тоҷик мебошад.
Паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Конститутсияи Тоҷикистон дар суханрониҳои Хонзода Абдураҳмон, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки «тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи замон ва ҷомеа буда, бо назардошти арзишҳои миллиимардуми тоҷик роҳандозӣ гардиданд».
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки риояи ҳатмии қонунҳои конститутсионӣ кафили зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони миллату давлат маҳсуб мешавад.

Ноябрь 2, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад