КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҷадвали ҳаракати қатораҳо тағйирот ворид кард

Ноябрь 16, 2016 10:19

Душанбе, 16.11.2016. АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабу дархости аҳолии ҷумҳурӣ дар ҷадвали ҳаракати қатораҳои мусофирбари хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Хушодӣ, Хушодӣ-Қӯрғонтеппа-Душанбе, ки ба муносибати таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд, тағйирот ворид карда шуд.
Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, минбаъд қатораҳои мазкур аз вокзали Душанбе рӯзҳои сешанбе ва шанбе соати 8:00, дар бозгашт аз истгоҳи Кӯлоб ва Хушодӣ рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе соати 8:00 ба сафар мебароянд.
Мусофирон метавонанд барои гирифтани билети сафарӣ ба хазинаҳои билетфурӯшии роҳи оҳан, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атроф фаъолият доранд, муроҷиат намоянд. Барои дастрас кардани билети сафарӣ дар ҳама хазинаҳои билетфурӯшӣ имкониятҳо муҳайё мебошанд.
Хизмати баландсифат ва бехатарии мусофирон ҳангоми ҳаракат дар қатораҳои мусофирбарӣ кафолат дода мешавад.

Ноябрь 16, 2016 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст