Мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти Маҷористон Янош Адер
Душанбе, 29.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити об бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд карданд, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав — “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт” ва изҳори боварӣ намуданд, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун аъзои фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар 7 санади ҳамкорӣ асос ёфта ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат низ тамоюли болоравӣ дорад. Аз идомаи судбахш ва густариши бештари муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоту созмонҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии аҳамияти минтақавию байналмилалидошта табодули назар карда дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар тадбиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосиру сармояи хориҷӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардида изҳори боварӣ карда шуд, ки доираи сармоягузорону тоҷирони Маҷористон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард.
Ҷиҳати рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоият пазируфта шуд.













Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






