Мусобиқа барои дарёфти Шоҳҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар Данғара мегузарад
Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 27 ноябр дар «Кохи Малика»-и ноҳияи Данғара панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ барои Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ бо ширкати варзишгарони Тоҷикистон, Русия, Бразилия, Фаронса, Африқо, Афғонистон ва Чин баргузор мегардад.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоқикистон Аҳтам Хокиров гуфт: «Варзишгарони Тоҷикистон ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ тайёрии пухта дидаанд ва тӯли як моҳ онҳоро ба ин рақобатҳо мутахассиси хорватӣ Горан Бабич омода кардааст. Мо аз варзишгаронамон умеди калон дорем».
Дар мусобиқаи «супер-файт» варзишгари тоҷик Худойдод Раҳмонов бо варзишгари бразилиягӣ Маэсио Брандао Круз, ки аллакай ба Тоҷикистон омадааст, барои камарбанд қувва меозмояд ва ин бори аввал аст. Муин Ғафуров барои ба даст овардани Ҷоми Осиё вориди майдон мешавад.
Дар доираи ин мусобиқа тамошобинон зӯрозмоии 14 ҷуфти варзишгаронро тамошо хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






