Н.Салимзода: «Клиникаи мобилӣ баҳри ҳимоя аз сирояти ВНМО фаъолияти худро дар маҳалҳои дурдаст амалӣ хоҳад кард»
Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» оид ба омодагӣ ба ҳафтаи мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҳти унвони «Ман ба пешгирии ВНМО тарафдорам» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» хабар доданд, дар ҳамоиш Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) ва Хазинаи «СПИД инфосвязь»-и Русия иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз тарафи Федератсияи Русия ба Вазорати тандурустии мамлакат дар маросими тантанавӣ комплекси ташхисии сайёр супорида шуд.
«Ин дуюмин клиникаи мобилӣ мебошад, ки ба мо тақдим гардид. Клиникаи мобилӣ баҳри ҳимоя аз сирояти ВНМО фаъолияти худро дар маҳалҳои дурдасту душворгузари деҳот ва кӯҳистон амалӣ хоҳад кард»,-гуфт Нусратулло Салимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Ҳамасола дар арафаи 1 декабр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барномаҳои махсус гузаронида мешаванд, ки ҳадафашон пешгирӣ намудани ВНМО мебошад. Ҳамзамон дар ин рўз аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар мубориза бо ВНМО муттаҳид бошанд. Ҳар як шахс метавонад дар пешгирии он ҳиссагузор бошад. Ба ин восита ҳар як фард барои ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконаш аз ташхиси ВНМО гузашта, аз вазъи солимиаш дар робита ба вируси мазкур маълумот мегирад»,-хабар дод манбаъ.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






