Нархи нафти тамғаи Brent барои як баррел аз 48 доллари ИМА поён рафт
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи сешанбе, 1 ноябр, нархи нафти тамғаи Brent то ҳадди минималии моҳи гузашта поён рафт. Аз моҳи сентябр инҷониб нархи «тиллои сиёҳ» бори нахуст то 48 доллар ба як бушка афтид.
Вале рӯзи чоршанбе, 2 ноябр соати 02:37 ба вақти душанбе нархи нафти тамғаи Brent 1,5 дарсад то 47.90 доллари ИМА ба як бушка поён рафт.
Ба гуфтаи коршиносон, сабаби чунин пастшавӣ маълумот оид ба афзоиш ёфтани истеҳсоли карбогидридҳо дар ИМА ва инчунин нигаронии сармоягузорон доир ба эҳтимолияти ба тавофуқ расидани кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҷиҳати дар як ҳаҷм нигоҳ доштани истеҳсоли ашёи хом гардид.
Ёдовар мешавем, охири моҳи октябри соли равон дар шаҳри Вена ҷаласаи дурӯзаи кумитаи махсуси ОПЕК роҷеъ ба масъалаи дар амал татбиқ намудани созишнома оид ба маҳдудсозии истихроҷи «тиллои сиёҳ», ки дар Алҷазоир ба имзо расида буд, баргузор шуд. Интизор меравад ҷаласаи навбатӣ вобаста ба ин мавзӯъ рӯзҳои 25-26 ноябр доир шавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






