Нигоҳе ба таърихи Парчам ҳамчун рамзи сиёсӣ

Ноябрь 24, 2016 14:38

2016-06-02-13-01-57Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои дур рафта мерасад. Пайдоиши парчам дар ҳаёти мардуми Эронзамин ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷўҳо бостоншиносон дар дахмаи қисмати шарқии шаҳри қадимии Эрон ливои хурди металлиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулўи офтоб акс ёфта буд, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ба шумор меравад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрўзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрўзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал мекард, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, масалан ба қабила, қӯшун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард.

Ҳанўз дар гузашта рушди рамзҳои  ливо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвияти корҳои ҷангӣ мусоидат менамуд. Ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази қӯшун ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ў асир гирифта шудааст.

Бо мурури замон ливо тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадимӣ ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехўрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин ливои матоӣ (то ин вақт пўстӣ, пашминадор, металлӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин ба вуҷуд омадааст. Ба эҳтимоли ғолиб, ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содир мешуд. Ҳамин тавр, дастрасии давлатҳо ба ин ашёи хом ва фарҳанги бойи чинӣ идеяи ташаккули ливоро ба қуллаи ниҳоӣ оварда расонид.

Дар «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Кова) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати гавазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Мутаассифона, оид ба он ки дирафш чӣ гуна ранг, таркиб ва андоза дошт, дар «Шоҳнома» маълумот дода нашудааст.

Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра.

Ливои давлатӣ барои ҳама умумӣ маҳсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба роҳбари давлат низ дарҷ карда мешуд.

Ливои ҳарбӣ хос барои ҳар як воҳиди ҳарбӣ буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том инъикос меёфт.

Барои  идораи дурусти қӯшуни бешумор дар баробари гузоштани номи махсус, зарурат барои додани рамзи муайян низ ба миён омад, ки яке аз он рамзҳо ливо маҳсуб меёфт.

Ливои динӣ дар маросимҳо ва ҳам дар корҳои ҳарбӣ истифода мешуд.

Парчам вобаста ба он ки чӣ «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуқтаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акнун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд.

 

Парчам дар ҳаёти имрўза

Дар замони мо нишон ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилотҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда сурат намегиранд.

Беш аз ҳама парчамҳо ба сифати ҷузъи зебоӣ истифода шуда, кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо рангҳои парчам оро дода мешаванд. Ҳамчун ифодаи қурбонии роҳи ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд.

 

Парчами Тоҷикистон

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 Парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд. Аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶСС Тоҷикистон, ҶСС Қазоқистон, ҶСС Қирғизистонва ҶСС Туркманистон  бардошта шуд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пўшида ҷараён меёфт . Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омўзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга)-ро пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрўзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгў мекард.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, нукта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо  24 ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.

Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тўли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ бори аввал парчами ин кишвар ба сифати рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттифоқ дар фарқият қарор медоданд. Парчами нав  акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё ба назар намоён мекард.

Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омаданд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери  шубҳа бурд. Аммо он дуру дароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи дурахшон  дучанд шуд.

Моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъу намои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдории мустақиле мебошад, ки онро тоҷикон бо баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тўли таърих ба даст овардаанд.

Аз ин рў, бузургдошти Парчами давлатӣ – арҷгузорӣ ба  таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кўшишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

 

Маъруф АБДУҶАББОРОВ,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 24, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид