Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ: «Ягон рамзи миллӣ дар ҷаҳон бузургтар аз парчам нест»

Ноябрь 24, 2016 08:09

nurmuhammad-amirshohiДушанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуданд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро парчам карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият даромад.

Директори Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мегӯяд, ки намояндагони  аввалин динҳои қадимӣ як порча ё нишонеро сари чӯб мебастанду пайравонашон аз паси онҳо мерафтанд. «Аз рӯи он пораи матоъ ё нишон дигарон маълум мекарданд, ки ин гурӯҳ ба кадом табақа шомиланд. Ин зуҳурот оҳиста- оҳиста ба деҳаҳову шаҳрҳо  ва давлатҳо табдил ёфта, умумӣ гардид. Аввалин дирафши бузурге, ки дар ҷаҳон чун дирафши давлатӣ машҳур шуд ва зери он як давлати бузург гирд омада буд, дар таърих дирафши Ковиёнӣ буд»,-илова намуд номзади илмҳои таърих.

Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст

dirafshi-koviyon-3dirafshi-koviyon ruzi-prezident-9

«Дар сарзамини аҷдодии мо «Дирафш» маъруф шуд, ки маънои он  диравшидан, дурахшидан  мебошад. Ин калима то  аввалҳои асри миёна ва то  асрҳои VIII-IIX дар сарзамини Эрон роиҷ буд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» садҳо маротиба аз ин калимаи муқаддас ёд овардааст. Вақте дар мамлакатҳои дигар сол ба сол, аср  ба аср ин як пора матоъ маъруф шуд, дар он рамзҳо ва сарватҳои он давлат сабт шуданд.  Ҳар ғановати он мамлакат дар он матоъ инъикос меёфт.  Дар дирафшҳои гузаштаи мо аксҳои шеру уқоб таҷассум шудаанд, ки  онҳо рамзҳои озодиву қудрат мебошанд»,-баён дошт Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ.

Хотиррасон бояд намуд, ки Ливои (штандарти) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Қонуни ҶТ таҳти №192 аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷорӣ карда шудааст, дар асоси Дирафши Ковиён офарида шудааст.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, пас аз ғолиб омадани арабҳо дирафшҳои исломӣ роиҷ шуданд ва  онҳо бо номи «алам» ва «ливо» маъруф гардиданд.  Ин зуҳурот сабаби он гашт, ки оҳиста -оҳиста калимаи аслии миллии мо дирафш ба ҷои дуюм рафт. «Баъд аз омадани давлати туркон ба сари қудрат дар сарзамини мо калимаи «байрақ» ба миён омада, калимаҳои арабӣ аз байн рафтанд. Дар замони шӯравӣ шакли туркии ин калима сахт маъмул буд. Пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон  калимаи «парчам» қабул гардид ва  он имрӯз бо ин ном маъруф аст»,-зикр намуд номзади илмҳои таърих.

Тавре ки мусоҳиб иброз дошт,  миллионҳо нафар барои болои сар афрохтан ва нигоҳ доштани  дирафши давлати худ ҷон супоридаанд. «Дар майдони набард ҳар нафар  кӯшиш мекард, ки дирафши давлаташро баланд  бардорад  ва бо ин нишон диҳад, ки мамлакати  ӯ, лашкари ӯ зинда аст ва ӯ барои озодӣ мубориза мебарад. Ягон рамзи  миллӣ дар ҷаҳон бузургтар аз дирафш нест»,-афзуд мусоҳиб…

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия ва  забони давлатӣ аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар зарур аст.

Бо Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, таҷлил ва бузургдошти он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистон эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Лайло ТОИРӢ

 

Ноябрь 24, 2016 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ