Оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар Парлумони мамлакат машварат баргузор гардид

Ноябрь 19, 2016 10:44

Душанбе, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ва кормандони масъули дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарорӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуотии Парлумон Муҳаммадато Султонов маълумот дод. Мувофиқи иттилои М. Султонов, зимни машварати омӯзишӣ Ҷурахон Маҷидзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният роҷеъ ба Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маърӯза кард.
Ҷ.Маҷидзода изҳор намуд, ки ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ ба ҳар як фард расонидани зарурати мубориза бар зидди коррупсия, аз байн бурдани бетарафӣ нисбат ба коррупсия ва бо ҳамин восита ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.
«Маҳз ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар менамояд, — гуфт Ҷурахон Маҷдзода ва илова кард, ки «Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» навъи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд буда, инчунин чораҳои ҷавобгариро барои содир кардани ин навъи ҷиноятҳо муайян кардааст».
Бояд гуфт, ки бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ё нуфузи он ба манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар манфиатҳои ғайрихизматӣ бо Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда, маҳдудият ва уҳдадориҳои махсус ҷорӣ карда шуданд.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия, бо такя ба принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Баргузор гардидани машварати омӯзишӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи мубориза ба муқобили коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Ноябрь 19, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад