Ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пурзӯр менамояд

Ноябрь 8, 2016 15:12

Кӯлоб, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонон, имомхатибон ва фаъолони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар мавзӯи «Экстремизму терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» мулоқот доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро зери ниқоби ислом амалҳои зишту ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ин ҳама ба манфиати шахсонест, ки мехоҳанд сарвати зиёд ба даст оварда, ҳукмрон шаванд.
Илова гардид, ки то ҳанӯз дар байни мо тарафдорони ин гӯрӯҳҳо ҳастанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромию осудагӣ ва зиндагии осоиштаи мардумро халалдор кунанд. Аз ин рӯ, мебояд ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон барои сари вақт дастгир намудани чунин ашхос ва пешгирӣ намудани гурӯҳҳои ифротгарову экстремистӣ дар шаҳру ноҳияҳо муборизаи беамон баранд.
Хамин гуна вохӯрӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Иштирокдорон иброз доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пурзӯр менамояд.

Ноябрь 8, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад