Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров дар Амрико чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо шуд!

Ноябрь 22, 2016 14:35

parviz-sobirov-3Душанбе, 22.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни собиқадорон(Veterans World Judo Championships 2016),  ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд,  сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

Парвиз Собиров дар ин қуввасанҷӣ  дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 дар даври муқаддамотӣ бар Грегори Каусеро (Франсия) ва Венер Мелло (Бразилия) ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нифинал гӯштингири тоҷик бар Дамиан Оҳара (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дастболо шуда, ба давр ниҳоӣ баромад. Парвиз дар финал Яник Лавиалеро (аз Франсия) мағлуб намуд ва ба унвони чемпиони ҷаҳон мушарраф гашт.

Мавриди зикр аст, ки Парвиз Собиров  12 ноябри соли равон 36-сола шуд. Ӯ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Парвиз Собиров иштирокчии  бисёр  қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соли 2012дар Лондон  буда, шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя намудааст. У чемпиони Осиё мебошад.

Парвиз Собиров айни ҳол дар вазифаи муовини  сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе кор мекунад.

Хотиррасон менамем, ки дар Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон   999 варзишгар (877 мард ва 122 зан) аз 63 кишвари дунё   иштирок намуданд. Қувваозмоиҳо миёни варзишгарони синашон аз 30-сола боло аз рӯи ҳафт вазн дар гурӯҳҳои мухталиф сурат гирифтанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ боз чаҳор варзишгари дигар намояндагӣ карданд: Алишер Аламов (M3 -73 кг), Ҷавҳаршо Ёқубов (M3-81 кг), Мирзо Абдуллоев (M4-100 кг) ва Бозоралӣ Маҳмудов (M5-100 кг). Аз байни танҳо ба Алишер Аламов  натиҷаи нисбатан  беҳтар  ба даст оварда,  дар гурӯҳи худ дар вазни то 73 кило мақоми ҳафтумро ишғол намуд.

Дар ҳисоби командавӣ дастаи  мунтахаби Франсия бо касби 42 медал  (17 тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ) – дар ҷойи аввал аст. Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 40 медал (12+7+21) дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Бразилия бо 40 медал (9+13+18) дар зинаи сеюм қарор гирифтаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи ҳафтум мақоми 25-умро соҳиб шуд.

 

 

Ноябрь 22, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд