Панҷакент: Дар даврони Истиқлолият 28 таълимгоҳи нав ва биноҳои иловагӣ бунёд шуданд

Ноябрь 4, 2016 09:12

Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» бунёд ёфтааст. Таълимгоҳи нав бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ сохта шуда, бо 51 утоқи дарсӣ барои 530 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Масоҳати муассиса 1,3 гектар ва масоҳати сохтмони он 5000 м2 буда, ба маблағи 2 млн 600 ҳазор сомонӣ бо ашёву таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст. Ба ҷуз синфхонаҳои таълимӣ, муассиса инчунин дорои озмоишгоҳҳои физикаву химия, кабинети технологияи информатсионӣ, китобхонаи электронӣ, синфи меҳнат, маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмӯи толорҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 134 муассисаи миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 2 литсей 18 кӯдакистон ва дигар марказҳои ташаккули кӯдакону наврасон фаъолият дошта, шумораи умумии омӯзгорон беш аз 4 ҳазор нафар ва миқдори толибилмон 53 600 нафарро ташкил медиҳад. Дар даврони Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент 28 таълимгоҳи нав ва биноҳои иловагӣ сохта шуда, дар тӯли ду моҳи охир ба муносибати ҷашни 25 -солагии Истиқлолият ва Рӯзи Конститутсия дар шаҳр 4 мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ноябрь 4, 2016 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад