Парчам-рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус аст!

Ноябрь 24, 2016 09:49

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи Парчами миллӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Тавре ки Насимҷон Ойев, муовини ректори донишкада оид ба корҳои таълимӣ хабар дод, дар факултаҳо ва литсейи донишкада бо ташаббуси раёсати донишкада ва сохторҳои марбута озмунҳои гуногун, маҳфилҳои илмӣ ва машваратҳо доир карда шуданд.
Дар барномаҳо мавзӯъҳои «Парчами давлатӣ-ифодагари истиқлолияти воқеӣ», «Парчам-рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус», «Парчамдории точикон: таърих ва рушд» ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.
23 ноябр дар доираи силсилабарномаҳои фарҳангӣ дар донишкада маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам-рукни асосии мукаддасоти миллӣ» баргузор шуд. Ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии тоҷикон дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон моя ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
«Парчами давлатӣ барои мо -тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад»,-иброз дошт Д. Қодирзода.
Профессори кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ Намоз Ҳотамов атрофи таърихи парчамдории тоҷикон зикр дошт, ки «Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадимӣ дошта, аввалин парчами қадимаи тоҷикон Дирафши Ковиён ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд».

Ноябрь 24, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад