Пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Душанбе, 08.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат М.Султонов иттилоъ дода, зикр кард, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пешгирӣ кардани қочоқи молу маҳсулот аз сарҳади давлатӣ, таҳким бахшидан ба рақобати солими бозаргонӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, пешгирӣ кардани муфлисшавии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», лоиҳаи қарор «Дар бораи узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Фирӯза Шарифӣ», лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз» ва лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро баррасӣ карданд.
Дар назар дошта шудааст, ки лоиҳаи қонуну қарорҳои мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 ноябри соли равон баргузор мегардад, барои қабул ба вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳод карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






