Пос доштани парчами миллӣ — пос доштани халқу Ватан аст!

Ноябрь 23, 2016 13:51

Парчами мо шукӯҳи озодист,
Парчами мо ҳидояти некист…

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Сухан аз Парчами миллии Тоҷикистон, сухан аз шаъну шарафи миллати куҳанбунёд ва Ватани муқаддаси  мост. Парчами миллӣ рамзи муқаддас ва ифтихори миллии ҳар кишвар  аст. Аммо барои миллати мо Парчами миллӣ  шараф ва ифтихори бештар дорад, зеро миллати мо аз миллатҳоест, ки дар таърихи башар яке аз аввалин парчамдорон ва яке аз аввалин офаридгорони Қонуни ҳуқуқи башар аст.  Ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиҳо, ду ним ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар соли 500-уми пеш аз мелод   Курӯши Кабир дар ин сарзамин нахустин Эъломияи ҳуқуқи башарро эълон карда буд. Матни ин эломия аз ҷониби шоҳи Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ ба Созмони Миллати Муттаҳид тақдим шуд ва имрӯз дар роҳрави ошёнаи дуюми ин ташкилоти мӯътабари башарӣ  чун намунаи яке аз дастовардҳои қиматбаҳои инсоният маҳфуз дошта  мешавад.

Нахустин Парчами миллии мо низ таърихи чандҳазорсола дошта, дар замони шоҳи каён Фаридун  арзи вуҷуд кардааст. Аммо арзиши бештар дар он зоҳир мешавад, ки парчами нахустини миллии мо парчами адолат  ва озодӣ будааст. Парчами нахустини миллии мо аз пешбанди чармини оҳангарӣ бунёд ёфтааст. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки дар тӯли таърихи гарону пурмоҷарову хунин ҳамеша пойдор будааст. Парчаме, ки ба нишони эътироз бар ҷабру зулми  замона, барои адолату инсоф боло гардидааст. Коваи оҳангар пешбанди чармии худро бар сари найза бубаст, бар тори сар бубардошт ва пӯёи адолату инсоф ва озодиву ҳуқуқ ба роҳ баромад. Мардум дар зери ин парчами нахустин аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди ҷабру зулм ва беинсофии Заҳҳоки морон ба по хестанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ин манзараро чунин ба тасвир додааст:

      Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Ва Коваи оҳангар- нахустин парчамбардори таърихи мо дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.

Фаридун чун ин дирафши ковиёниро бидид, дар ӯ фоли некро дарёфт ва онро қабул кард. Сипас ӯ ин парчамро ороиши тозае дод ба дебои Рум ва зару гавҳар ва онро парчами кишвар, парчами Эронзамин, парчами тахти каён сохт. Ин ҳолатро ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин таҷассум кардааст:

          Чу он пӯст бар найза бардид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

          Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пайафканд шоҳ.

             Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дирафш».

parchami-davlati-000

Сипас, баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахти Каён меомад, аз худ нақшу нигоре, зеваре бар ин парчам зам менамуд, то шукӯҳи ин парчам афзунтар бошад, то ҳадде, ки ин парчам аз симу зар нурафшон гардида буд ва шабҳо нури он оламро равшан мекард:

                Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ
Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ

     Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон,

Зи дебои пурмояву парниён
Бар он гуна гашт ахтари ковиён,

         Ки андар шаби тира хуршед буд,
Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.

Дар ин сатрҳои ҳакими Тӯс ба як ҷиҳат бояд аҳамият дод- ба он оҳанги мутантани гуфтори Фирдавсӣ, вақте ки ӯ дар бораи дирафши ковиёнӣ- аввалин Парчами миллии мо сухан мекунад. Сухани Фирдавсӣ дар ин маврид пур аз эҳсосоти ватандӯстиву адолатпарварӣ, ифтихору арҷгузорӣ ба ин аввалин парчами миллии мост. Ин далели он аст, ки шоири бузург чӣ қадар арҷ гузоштааст ба ин парчам, ба нақши бузург ва ҳадафи хуҷастае, ки парчами каёнӣ пайгирӣ кардааст.

Ин аст, ки шарафу нангу ифтихори парчамдорӣ дар вуҷуди миллати мо ҳанӯз чандин ҳазорсолаи пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон — озодиву истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик бо чи нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намуданд. Аз ин рӯ дар муносибат ба Парчами миллиамон- ин муқаддасоти Ватан, бояд бисёр эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори  мо, шарафи мост, ки қиматар аз ҷон аст. Бинобар ҳамин муносибати мо ба парчами миллӣ бояд фавқулода боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад.

Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибатро талаб дорад. Дастури парчамдорӣ, муносибат бо парчамро бояд ҳар яки мо бидонем ва мувофиқ бар он рафтор намоем. Оре, Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқ.

Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок  ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем. Зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ, пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу  кишвари худ аст,

Боиси хурсандиву сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳр, дар анқариби Қасри Миллат, дар анқариби Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландое, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчами рӯи замин аст. Барои мо, тоҷикон, ки аз халқҳои куҳанбунёди олам ҳастем, ин парчам на танҳо аз ҷиҳати қадафрозиву паҳноварӣ дар дунё баландтарину бузургтарин аст. Барои мо шаъну шукӯҳу қимати ин парчам дар дунё аз ҳама баландтарин аст. Шояд фардо боз парчамҳои баландтаре сохта шаванд, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гарданд, аммо парчами Тоҷикистон барои мо ҳамеша баланд хоҳад буд, зеро баландии қадри он, на қадди он; баландии шаъну шукӯҳи он, на азамати он, ҳаргиз барои ҳар ватандӯст поён нахоҳад рафт.

Вақте кишварҳо бар сари нанг меоянд, ба по мехезанд, дар зери парчами худ саф меороянд ва парчами худро болои сар мебардоранд, роҳнамои худ мекунанд. Зеро шукӯҳи парчам, нангу номуси парчамдорӣ, яъне ватандорӣ, намегузорад онҳо мағлуб шаванд, таслим гарданд. Зеро қимати Парчами миллӣ, шаъну шарафи он дар баробари ҷон, балки волотар аз он аст. Ба даст овардани парчами душман, маънои шикаст хӯрдан, мағлубияти ӯро дорад. Афрохта шудани парчами Шӯравӣ дар поёни ҷанги  Бузурги Ватанӣ дар Рейхстаги Олмон нишони пирӯзии Шӯравӣ бар фашистон буд.

Ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзӣ, нишони ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии дунё низ нишони пирӯзии мардуми мост.

Ҳар боре дар форуму ҷамъомадҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баргузор мегарданд, парчамҳои парафшони дигар кишварҳоро дар қатори парчами миллии худамон мебинем, ҳисси шарафу ифтихор моро фаро мегирад. Зеро вақте парчамҳои миллии дигар кишварҳо ба ҳам меоянду аз як насим, насими ҳамдилӣ алвонҷ мехӯранд, бо дурахшу гуногунрангии худ ба дилҳо фараҳ мебахшанд, ин нишони дӯстиву бародарист, нишони тинҷиву осоиштагӣ, нишони хушбахтии инсоният аст. Бигзор ҳамеша чунин бошад! Бигзор ҳамеша дар саҳнаҳои гирдиҳамоиву чорабиниҳои муштараку дӯстонаи мо теъдоди парчамҳои гуногунранг ҳар чи бештару бештар гардад ва ин парчамҳо ҳар чи бештар меҳмони ҳамдигар бошанд, ки нишони тинҷиву осоиштагиву дӯстиву бародарист. Зеро Тоҷикистон кишвари сулҳдӯст аст, зеро халқи мо халқи некхоҳ, башардӯсту инсонпарвар аст. Бузургони мо ҳамеша дӯстиро ситудаанд ва Тоҷикистони биҳишосои мо, Ҳукумати мо низ аз рӯзҳои нахустин сиёсати дӯстӣ, бародарӣ, дарҳои кушодро пеш гирифт. Ҳар ки бо нияти пок, дӯстонаву хайрхоҳона ба диёри мо меояд, дари дилу дари хонаҳои мо ба рӯи ӯ боз аст. Аммо сарзамини тоҷикон сарзамин нангу ор аст, кӯҳсори сангини ӯ агар бар пешвози меҳмон гулҳои рангину тару тоза ба армуғон орад, бар сари душманон санги аҷал хоҳад рехт.

Хуллас, парчам барои инсонҳо маънову ҳадаф ва аҳмияти хоса дорад ва ин моро водор мекунад, ки муносибати худро ба он муайян кунем. Парчам — даъват ба ҳимояи Ватан, парчам-  даъват ба сулҳу дӯстӣ, парчам дар маҷмӯъ рамзи инсоният аст. Ҳар қитъаи наве, ки дар замин кашф гардид, ҳар қуллаи наве, ки фатҳ шуд, аввалин нишоне, ки ба он гузошта мешавад, парчам аст, парчами он халқ, он кишваре, ки ба ин фатҳ ноил гардидааст.

Аммо, шояд замоне расад, ки инсоният аз ҳама парчамҳои мавҷудбуда як парчам созад. Парчами ягонагии инсонҳо, парчами ягонагии Замин, парчаме, ки дар зери парафшонии  худ инсониятро ба ҳам орад, парчаме ки баъд аз фатҳи сайёраҳои нав ситораҳои нави кайҳонӣ аз номи заминиён бар он афрохта шавад. Ин, албатта, орзу ва ормони башардӯстонаест.

Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳар субҳ, вақте аз хона бурун меоям, ба сӯи коргоҳ мешитобам, аз дури дур ҳатман чашмам ба он парчами баланд, парчами зебову парафшони миллиамон меафтад. Як ҳисси фараҳу ифтихор, як ҳисси гарми ватандориву ватандӯстӣ бандаро фаро мегирад. Гумон мекунам, фараҳу ифтихоре, ки ҳар субҳ ин парчам ба ман мебахшад, тамоми рӯз раҳнамои ман аст. Ва ман бовар дорам, ки ҳар нафари дигари сокини ин диёр низ чунин аст. Зеро Парчами миллӣ на танҳо ба мо эҳсоси ифтихор мебахшад. Ин парчам ба мо бештар аз он неру, бовар ва ғайратеро мебахшад ва моро бо ҳам ба сӯи истиқболи ояндаи неки Ватанамон раҳнамо мебошад. Ин парчами баланд ҳар бор моро водор мекунад, ки барои дидани он сарамонро боло бардорем. Яъне ин парчам сари моро баланд медорад, ба мо сарбаландӣ мебахшад. Гумон мекунам чунин парчамҳо бояд дар ҳама шаҳрҳои бузурги Ватанамон, чунонки дар Хуҷанд бунёд гардид, афрохта шаванд, то ки ҳар субҳ чашми мардум аз он нур гирад, то ки ҳамеша дар зери ин парчам муттаҳид бошем, то ин парчам ба мо неруву бовар бубахшад.

Парчами  Тоҷикистон

    Парчами аввалини миллати мо
Буд пешбанди марди оҳангар.
Дар сари дасти Кова боло шуд,
Дар раҳи адл, дар раҳи бовар.

   Парчами аввалини миллати мо
Парчами шаъну додхоҳӣ буд,
Аз паси парчами ҷасорату адл
Сӯйи инсоф халқ роҳӣ буд.

        То Фаридун варо мунаққаш сохт,
Парчами тахту тоҷи меҳан кард.
Парчами ориёни лотасхир
Шомҳоро чу субҳ рӯшан кард.

Парчами аввалини меҳани мо
Дар сари найза парфишон омад.
Зидди ҷабри замона, зидди зулм
Мисли хуршеди осмон омад.

Парчами мо ливои фирӯзист,
Ковиёнӣ дирафши даврон аст.
Дар фарози самои озодон
Ҳамчу симурғи мо парафшон аст.

Парчами мо ҳидояти некист,
Рамзи иқболи бегазанди мост,
Парчами мо шукӯҳи озодист,
Парчами мо сари баланди мост!

Сарфароз аст дар ҳама дунё
Пачами миллати накӯбунёд,
Дар бараш сарфароз хоҳам буд,
Инчунин ҳасту инчунинтар бод!

Камол Насрулло, АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд