Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад

Октябрь 30, 2026 13:56

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор  мегардад.  Дар ин  хусус Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 октябри соли 2026 ба тавсиб расид.

Тибқи ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории  конфронси мазкур таъсис дода шуда,  ҳамчунин нақшаи  чорабиниҳои он  таҳия гардидааст.

Конфронс бо мақсади оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)  15 октябри соли равон  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки «Таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад. Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд».

Сарвари давлати мо  таъкид намуданд, ки татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард. Ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе имконият фароҳам меорад, ки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд доир ба роҳҳои татбиқи ҳадафҳои Даҳсола табодули назар намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти сулҳу амнияти ҷаҳонӣ тадбирҳои муштарак андешанд.

Ин ташаббус идомаи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории созанда байни давлатҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2026 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд