Рустам Назарзода барои иштирок дар Конфронси осиёии вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба Ҳиндустон сафар кард
Душанбе, 1.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода барои иштирок дар Конфронси осиёии вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба Ҳиндустон сафар кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумита хабар доданд, дар рӯзи аввали конфронс, ки 2 ноябр таҳти раисии Рустам Назарзода баргузор мегардад, масъалаҳои ҳамгироии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чорабиниҳо дар доираи барномаҳои коҳиши хатари Сендай барои офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба иштирокчиёни конфронс оид ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар доираи Эъломияи Душанбе, ки дар ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 июли соли ҷорӣ баргузор гашта буд, маълумот пешниҳод менамояд.
Яке аз мақсадҳои иштироки раиси кумита дар конфронси мазкур- ин ҷалби таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва гузаронидани мулоқот бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо оид ба ҷалби кумаки берунӣ мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар конфронс аз 54 кишвари ҷаҳон иштирокчиён ширкат меварзанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






