«Сомон Эйр» иҷозати EASA- ро барои интиқоли мусофирон ба Иттиҳоди Аврупо ба даст овард
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозати расмии EASA (Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо)-ро барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба даст овард.
Тавре аз Маркази матбуоти «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати ба даст овардани иҷозати EASA, барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зарур буд дар марҳилаи пешниҳоди дархост дар муддати як сол нишон диҳад, ки ҳавопаймоҳо, таҷҳизот, инчунин фаъолияти амалиётии шуъбаҳои истифодаи парвозҳо, хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҷиддии пешниҳодмекардаи EASA ҷавобгў бошанд. Ба даст овардани ин иҷозатнома ба «Сомон Эйр» имкон медиҳад, ки самти парвозҳоро дар Аврупо дучанд кунад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.









Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






