Суқути ҳавопаймо бо футболбозони дастаи «Шапекоэнсе»-и Бразилия дар Колумбия

Ноябрь 30, 2016 10:34

Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми гузашта ҳавопаймои ширкати LAMIA бо футболбозони дастаи «Шапекоэнсе»-и Бразилия дар Колумбия суқут кард. Дар ин бора «Спорт экспресс» хабар медиҳад. Футболбозони «Шапекоэнсе»-и Бразилия барои иштирок дар бозии ниҳоии Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ бо дастаи «Атлетико Насйонал»-и Колумбия ба ин кишвар парвоз доштанд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки аз 81 нафар мусофирони ҳавопаймо 9 нафарашон аъзои экипаж буда, боқимонда 72 нафар мусофирон мебошанд.
«Дар ҷои ҳодиса 6 нафар ҷон ба саломат бурдаанд, ки се нафарашон аъзои дастаи «Шапекоэнсе»-и Бразилия мебошанд. Инҳо дарвозабонҳо Жаксон ва Данилу ва маҳсгари даста Алан Рушел ба шумор мераванд. Ҷустуҷӯ ҳамоно идома дорад»,-менависад «Спорт экспресс».
Сабаби асосии суқути ҳавопайморо аз нарасидани сӯзишворӣ медонанд.

katstrofa

Ноябрь 30, 2016 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд