Таҳаввули ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар шароити муосир: баъзе масъалаҳои шинохти он

Ноябрь 1, 2016 16:54

Қисмати якум

 Душанбе, 1.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала ва воқеияти тоза ба вуҷудомада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъол гардидани онҳо пайваста, пурра ва ҳамаҷониба омўхта шаванд. Бояд гуфт, ки ин падида дар муҳити пасошўравӣ ва қаламрави густариши дини ислом вежагиҳои фарқку­нан­даи худро дорад ва давраи таҳрик ёфтани он бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадри­ҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурўҳҳои исломии тундга­ро оварда расонид. Ҳамчунин бояд донист, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта на танҳо дар байни пайравони дини ислом, балки дар миёни муътақидо­ни дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шўравӣ ҳам раванди эҳё ва ривоҷи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат на танҳо ба фурўпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат, балки ба барҳам хўрдани сиёсати дуқутбаи ҷаҳонӣ ва пайдо шудани бозингарони нав дар фазои геополитикии ҷаҳон вобаста буд. Муваққатан ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ ва фарҳанги бемеҳварӣ дар муҳити сиёсии як гурўҳи давлатҳои мансуб ба дину эътиқодҳои гуногун водор кард, ки мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба арзишҳо ва муқаддасоти динӣ муроҷиат намоянд. Гузашти айём нишон дод, ки дар ҳоли ҳозир пайравони дини ислом мавқеъгирӣ ва ҳассосияти бештар зоҳир менамоянд.

Аммо натиҷаи таҳлилҳои буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодиро дар ҷаҳон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки гўё сабаби асосии ҳамаи мушкилот дини ислом ва фар­ҳан­­ги мусулмонӣ бошад. Аз ин рў, ҳангоми баҳогузории ҳама гуна рўйдод­ҳои нохуш дар атрофу акнофи олам нахуст зарфияти унсури исломиро дар он ҷустуҷў мекунанд. Оғози инқилобҳои «баҳори арабӣ» дар соли 2011 маҳз бо истифодаи омили исломи сиёсӣ боиси шиддати нооромиҳо ва задухўрдҳои хунин дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ гардиданд, роҳбарияти олии ин кишварҳо дар зери фишори шиорафканӣ ва эътирозҳои майдонӣ иваз шуданд ва ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва инфрасохтори онҳо хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Ва то имрўз пайравони ойини мусулмонӣ корҳои лояъқиле анҷом дода истодаанд, ки тамоми дунёро дар ҳайрат гузоштаст.

Ҷустуҷўи посухи муносиб дар чунин вазъият инсонро ба он маънӣ ба сўйи тафаккури амиқи шаккокона мебарад, ки шояд воқеан дину ойин ва бовару эътиқод дар матни фарҳанги миллатҳову кишварҳо унсури зарарнок ва аслан як чизи нолозим буда бошад. Ва беихтиёр ҳамон гуфтаи маъмули Карл Маркс, ки вирди забон­ҳо гашта буд, ба хотир меояд, ки онро дар муқаддимаи китоби «Танқиди фалсафаи ҳуқуқи Гегел» соли 1843 баён намудааст. Вале тафсилоти пеш аз ин таъбири машҳур зикршуда, ба назари мо, бисёр ҷолиб мебошад, ки воқеияти вазъи имрўзаро бозтоб менамояд: «Религиозное убожество есть в одно и то же время выражение действительного убожества и протест против этого действительного убожества. Религия – это вздох угнетённой твари, сердце бессердечного мира, подобно тому как она – дух бездуш­ных порядков. Религия есть опиум народа» – «Тирабахтии динӣ дар як замон изҳори дарду ранҷи воқеӣ ва эътироз ба муқобили ҳамин дарду ранҷи воқеӣ аст. Дин ин оҳу азоби махлуқи мазлум, қалби ҷаҳони сангдилест монанд ба рўҳияи тартиботи бе раҳму шафқат. Дин афюни халқ аст».

Мутаассифона, ҷараёни тезутундшавии равандҳо ва мураккаб шу­да­­ни вазъият дар минтақаи Ховари Миёна нишон дод, ки ҳанўз дар ҷав­ҳа­ри ҳама гуна муборизаҳои сиёсӣ дар ҷаҳони ислом рафтори асримиё­на­­­гии муносибат­ҳои динию мазҳабӣ, яъне гурўҳҳои «син» ва «шин» – пайравони тасаннун ва ташайюъ будан ва масъа­ла­ҳои миллию нажодӣ, яъне араб ва ғайриараб будан мавқеи устувор дорад. Агар ба мафҳуми ислом аз нигоҳи истифодаи он ҳамчун нерўи идеологӣ дар сиёсатҳои геополитикӣ назар андозем, ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки он аз мах­су­си­ятҳои гузаштаи таърихӣ ва корбурдҳои амиқи психологӣ бархур­дор аст. Маълум аст, ки бозхости ҳамаи динҳои иброҳимӣ минтақаи Ховари Миёна аст. Вале ошкор шудани яҳудият ва масеҳият зуд дар байни кишварҳои Олами пир маҳбубият пайдо кард – нажоди Банӣ Исроил дар кишварҳои аврупоӣ бе мамониат паҳн шуданд ва соҳиби обрўю эҳтиром гардиданд; тарҷумаи машҳури Китоби Муқаддас – «Септуагинта» боиси дар Аврупо ҳамчун дини расмӣ пазируфтани масеҳият ва ташаккули фарҳанги насоро шуд. Вале ба муқобили футўҳоти исломӣ на танҳо дар Андалуси Испания ва Қустан­ти­нияи Рум тадбирҳои пешги­ри­кунанда андешида шуд, балки зиёда аз ин бар зидди империяҳои теократии арабӣ чандин ҷангҳои салибӣ танзим гардид, то самти густариши он ба сўйи Шарқ равона гардад. Яъне дину тамаддуни исломӣ аз сароғоз дар муҳити аврупоӣ пазируфтории некў касб накард. Ба назари мо, сабаби асосӣ шояд дар он буд, ки макони пайдоиши дини ислом берун аз камарбанди минтақаи хушкии Медитерраниа – Ҳавзаи баҳри Миёназа­мин- машҳуртарин ҷойгоҳи тамаддуни ҷаҳонӣ ва фарҳанги ҳеллинистӣ воқеъ буд. Ҳамин кароҳият ва бадбинӣ дар тафаккури онҳо ба таври абадулобод нақш баст, боиси аз пой афтодани империяҳои Умавиён, Аббосиён ва Усмониён гардид.

Дар таърихи нав ва навтарини ҷаҳон истифодаи қувваи идеологии ислом дар қаламрави аз ҳокимияти султонҳои туркии усмонӣ раҳоёфта ибтидои асри ХХ нахуст дар шакли миллатгароии арабӣ, сипас дар Эрону Афғонистон ва Покистон ҳамчун абзори қавии сиёсӣ дар охири асри ХХ ва ниҳоят бо лаҳни тундгаро ва ифротии динӣ дар кишварҳои арабӣ дар оғози асри XXI аз худ ба он андозае дарак дод, ки дигар сифати «динӣ» дар сиёсати ҷаҳонӣ аслан ба маънои «исломӣ» фаҳмида мешавад. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дини мубини ислом ва неруи идеологии он мавриди таваҷҷуҳи беандозаи дастандар­ко­ро­ни сиёсатҳои геополитикӣ қарор гирифтааст?!

Дар шароити муосир мо воқеан эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ ҳанӯз аз тактикаи дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашида­анд. Идома ёфтани ин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҳама гуна ҷомеаҳои мусулмонӣ таъсиргузор шудааст ва ҳар лаҳза мета­во­над ҳамзистии тарафайнро халалдор созад, ҳифзи манфи­ат­ҳои давлат­дории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисо­диёт ва иҷтимоиёти ин кишварҳоро зери шубҳа андозад. Баробари оғози инқилоб­ҳои «баҳори арабӣ» чунин ба назар менамуд, ки сиёсати «бозсозӣ»-и барои пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ таҷрибашуда корбурди худро баъди таъ­сиси ҷумҳуриҳои соҳибистиқ­лол хотима набахшид, балки гурўҳи давлат­ҳои пирўз ғояҳои идеоло­гии ҳамин сиёсатро дар тарҳу мазмуни нав барои ба завқу салиқаи худ муносиб сохтани низомҳои мавҷуда асосан дар кишварҳои арабӣ аз нав ба ҳаракат дароварданд. Ҳоло мебинем, ки маъракаи мавқеъ­гириҳои исломӣ дар пўшиши ифротгароӣ ва тундга­роии динӣ барои як марҳалаи дарозмуддат пешбинӣ шуда будааст. Бо андаке эҳтиёт тахмин намудан мумкин аст, ки роҳ додан ба густариши даҳшатноки терроризм ва экстремизм дар минтақаи Ховари Миёна дорои ду ҳадафи стратегии ҷаҳонӣ ва минтақавист. Нахуст, шояд он бошад, ки ташкил шудани як созмони сиёсии кишварҳои умумиит­ти­фо­қӣ бо номи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди империяшакли монанд ба Иттиҳоди Шўравӣ дар матни сиёсати абарқудратони ибтидои асри XXI хушбинона пазируфта нашуд. Аз ҷониби дигар дар дурнамои ҳадафҳои ояндаи Иттиҳоди Аврупо низ бо ҳар роҳу равиш таъмин намудани ҳамкории комплексӣ ва густурда бо кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназа­мин пешби­нӣ шуда буд. Ба таъхир афтодани қабули Туркия ба узвияти Иттиҳоди Аврупо аз мавҷуд будани ихтилофоти ҷиддӣ ва дур будани мавқеи тарафҳо дарак медод. Коршиносони аврупоӣ бо ёрии шарикони стратегии ҷаҳонии худ муайян карданд ва вердикт ҳам бароварданд, ки кишварҳои мусулмонии қисмати шарқӣ-ҷанубӣ ва ҷанубии ҳавзаи Баҳри Миёназамин, ба ҷуз Алҷазоир ва Мағриб ба меъёрҳои демократии Иттиҳоди Аврупо ва ормонҳои эҳёи фарҳанги нави ҳеллинистӣ тамоман мутобиқат надоранд. Абарқудра­то­ни ҷаҳон ҳамин баҳогузории ҳассоси сиёсиро зуд ба эътибор гирифтанд ва дар андешаи амалӣ кардани он афтоданд. Онҳо мақсад гузоштанд, ки аз як тараф, бо истифода аз неруи идеологии ислом бо мазмуни террористии даҳшатафканиаш ба сохтори Иттиҳоди Аврупо рахна ворид намоянд, ки ниҳоят дар шакли Брексит ифода гардид; ва аз тарафи дигар, ба амалӣ шудани ваҳдати кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин зарбаи ҷонкоҳ ворид карданд ва дар кишвар­ҳои арабию мусулмонӣ ба муборизаи оштиннопазири гурўҳҳои «син» ва «шин» хусусияти фаъолияти бардавом бахшиданд. Ба марҳилаи сифатан хатарнок ворид шудани вазъияти сиёсию ҷангӣ дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Яману Либия пешгўии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷи­кон­ро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқуд­рат­ҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад. Зеро кўшишҳои торумор ва несту нобуд кардани инфрасохтори марказии созмони террористии ДИИШ дар қаламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ, марзию ҳудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молия­вии кишварҳои калидии Ховари Миёна ва абарқуд­рат­ҳои пуштибони онҳоро мисли ойина ошкор сохт. Ва акнун ҳама бо як овоз тамоми мардуми кишвари валангори Сурия – аз роҳбарияти сиёсӣ сар карда, то шаҳрвандони зану мард, пиру ҷавон ва кўдакони ҷабрдида, ҳизбу ҳаракат­ҳои сиёсию низомии теъдодаш аз 100 адад афзуншуда ва ҳар унсури ҷони зинда доштаро ба гуфтушунид ва имзои созишномаи сулҳ даъват мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар майдони амалиёти ҷангии Сурия ҳузури ду неруи асосии разманда барои ҳама мисли рўз равшан аст. Аҷобати дигар он аст, ки аз зарбаҳои ҳавоии ҷонибҳо танҳо мардуми осоишта кушта мешаванду дидану шунидани шахсияти муҷоҳидон бисёр мушкил аст. Зиёда аз ин, пеш аз оғози амалиёти озод­кунии шаҳри Мавсил мавзўи берун овардани гурўҳи ба ном муҷоҳидон дар сархати масъалагузориҳои тактикӣ қарор гирифт. Ин тарзи рафтору муносибат дар байни кишварҳои абарқудрат оид ба пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ тақрибан тарҳрезӣ, банақшагирӣ ва барномаи саҳнавии ҷангу сулҳи ба ҳам монанд дорад. Манзарнамоии ин сиёсат аслан дар кишварҳои гуногун якнавохт буда, ҳадафҳо, муддати идомаи вазъияти буҳронӣ, роҳу усули ташкили неруҳои мухолиф, танзими ҷабҳа­ву майдонҳои ҷангӣ ва эҷоди зербинои идеологии муборизаи қувваҳои гўё ба ҳам зидду оштинопазир ба ҳаҷми масоҳату миқдори аҳолӣ, дороии захираҳои табиӣ, мавқеи созгори ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва сатҳи огоҳии зеҳнию фар­ҳангӣ, динию мазҳабӣ ва миллию нажодии давлатҳои гириф­тор ба ғазаб сахт бастагӣ дорад. Яъне, агар ҳадафи минтақавӣ аз таҳрик додани ифротгароӣ ва тундгароии динии исломӣ таҷдиди муайян кар­дани ҳудуди манфиатҳои гео­по­литикӣ ва иқтисодӣ дар Ховари Миё­на бошад, пас ҳадафи пинҳонии яккатозони сиёсати ҷаҳонӣ заиф гар­дони­дани иқтидори Иттиҳоди Аврупо ва пешгирӣ кардани нияту нақшаҳои минта­қа­вии онҳо тавассути даҳшатафканӣ бо истифодаи унсури исломӣ ҳам ҳаст. Ҳарчанд раванди муҳоҷират ба Аврупо дар пояи ниёзҳои кишварҳо ба неруи кории арзон ва тахассусӣ як амри ногузир талаққӣ мешавад, вале таҳоҷуми анбўҳи муҳоҷирон ба шаҳру вилоятҳои аврупоӣ як андоза нигарониҳои амниятӣ ва бархўрди сатҳу сифати нобаробари фарҳангҳоро ҳам ошкор намуд. Табиист, ки марҳалаи мутобиқшавии муҳоҷирон ба шароити нав сипарӣ шудани фосилаи муайяни вақтро тақозо мекунад.

Бояд гуфта шавад, ки буҳрони сиёсии дар кишварҳои арабӣ пайдо­шу­­да сабабҳои амиқи иҷтимоию равонӣ ва динию фарҳангӣ ҳам дорад. Равандҳои нахустини муҳоҷирати шаҳрвандони давлатҳои навтаъсиси арабизабон ба кишвар­ҳои аврупоӣ солҳои 50-уми асри гузашта оғоз гардид, ки асосан мақсади ба таҳсил фаро гирифтани кадрҳои ҷавони роҳбарӣ, тахассусӣ ва илмии онҳоро дошт. Як миқдори муайяни ҷавонон аз кишварҳои сарватман­ду нафтхези арабӣ дар кишварҳои аврупоӣ муқим шуданд, ки минбаъд онҳо барои ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз киш­вар­ҳои фақиру сераҳолии арабӣ ба сифати унсури миёнарав фаъо­лият мекар­данд. Ҳоло насли сеюми муҳоҷирони араб ташаккул ёфтааст, ки онҳо асосан дар Аврупо таваллуд шуда, шаҳрванди ин кишварҳо ва дорои кору тиҷорати доимӣ мебошанд. Аксари онҳо забони арабиро хуб намедонанду бо ватани бобоӣ робитаи қавӣ ҳам надоранд ва дар рўҳияи тафаккури озодандешии дунявӣ тарбия гириф­­та, дороияшонро барои сармоягузории бахшҳои иқтисо­диёти кишварҳои гуногун ба таври гус­тур­да истифода мебаранд. Яъне дороии падару бобоёни сарватманди онҳо бештар дар иқтисодиёти кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мешавад. Баръакс, дар маҷмўъ аз нигоҳи рушди созгори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти инфрасохтори муосири истеҳсолӣ дар кишварҳои арабӣ тағйироти қобили таваҷҷуҳ камтар сурат гирифт. Муносибати сиёсати қаби­ла­вӣ мавқеи калидии худро нигоҳ дошт. Аз ҷониби дигар, робитаҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои арабӣ, ба хусус давлатҳое, ки аз ҳисоби коркард, истеҳсол ва фурўши махсу­лоти нафтӣ сарватманд шуданд, бо Иттиҳоди Аврупо ва ИМА бисёр рушд ёфт ва онҳоро пой­бан­ди сиёсату иқтисодиёт ва фарҳангу маънавиёти онҳо гардонид.

Афзоиши демографӣ дар кишварҳои мусулмонии Осиё ва Африқо аслан бо бунёди муасси­са­ҳои зарурии иҷтимоӣ, мактабу маориф, хизмат­ра­сонии хуби тиббӣ ва таъмини ҷомеапази­рии воқеии ҷавонон мувофи­қат намекард. Чунин вазъияти носозгор боиси фарҳанггурез ва дунёситез шудани насли ҷавон гардид ва барои дар ҳолати норозигӣ ва эътирози доимӣ қарор доштани онҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа вазъияте итти­фоқ афтод, ки тамоми ҷонибҳо барои ширкати фаъол варзидан дар бедо­ди­ҳои созмони дурўғини ифротӣ бо номи «Давлати исломӣ» ҳарису омода гардиданд. Тибқи назарсанҷиҳои вақти сотсиологӣ аз тариқи ша­ба­каи телевизионии ал-Ҷазира пеш аз нооромиҳои олами араб сатҳи бекорӣ дар кишварҳои мухталифи он 27-43%-ро ташкил медодааст. Тибқи ин омор аз даҳ нафар ҷавонони бекори пурсидашуда 7-8 нафара­шон ба саволи «Шумо бо кадом мақсад ба эътирозҳои майдонӣ раҳсипор шудед?» ҷавоби якнавохти «ҳек ншуф ва натафарраҷ» (ҳамин хел як дида тамошо кунем)-ро пешниҳод кардаанд. Дар кишварҳои буҳронӣ тан­ҳо баъд аз шиддат гирифтани талаботи ҷавонони майдонӣ сарварони ба ис­ти­лоҳ ислому шариатпаноҳи онҳо аз кишварҳои хориҷӣ барои аз нигоҳи сиёсӣ мақсаднок идора кардани неруҳои демократӣ ҳозир меша­ванд.

Қисмати дуюм

Масъалаи шинохти ифротгароӣ ва тундгароии динӣ ҷанбаи қавии иқтисодӣ низ дорад. Нахуст, пеш аз инқилобҳои рангин кишварҳои арабии халиҷи Форс ба хотири пешгирӣ кардани ҷанги эҳтимолӣ аз сўйи Эрон бо ташвиқи кишварҳои манфиатдор дар ҳаҷми 75 млрд. доллар яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ харидорӣ намуданд. Табиист, ки ин аслиҳахона бояд дар ин ё он шакл истифода шавад ва фурўши захираҳои ҷангӣ – тиру тўп ва бомбаву мушакҳои ҷангӣ манбаи даромади доимии фурўшандагони аслиҳаву техникаи ҷангиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ба бозори калони фурўши яроқ табдил ёфтани Ховари Миёна ва зарурати дар ҳолати омодабоши низомӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ чандин нуқтаҳои доғро дар минтақа ба вуҷуд овард.

Дар ниҳояти кор, манфиатҳои асосӣ ҷиҳати таъсис додани созмони террористии ДИИШ дар ҳудуди Ироқу Сурия дар атрофи ду мақсади калидӣ мечархи­данд: истифодаи ҳарчи бештари техникаву захираҳои ҷангӣ ва фурў бурдани неруи гурўҳакҳои қайсару саркаш дар аксари кишварҳои ҷаҳон. Ҷалб намудани ақаллиятҳои разманда аз ҳисоби миллату кишварҳои гуногун ба кушторхонаи ботлоқии ҳудуди ДИИШ танҳо барои манзарнамоӣ ва бераҳмона несту нобуд кардани онҳост. Тибқи таҳлилҳои коршиносӣ аз ҳар ду тарафи муқови­мат­ҳои мусалла­ҳона ҷангиёни тахассусӣ меистанд, одамони бесаводи фирефташуда ҳамчун луқмаи хом барои корҳои дуюмдараҷа ва эҷоди хусусияти омма­вӣ ва дастаҷамъӣ додан ба бедодиҳои созмони «Давлати исломӣ» исти­фо­да мешаванд. Расонаӣ шудани фаъолияти ин созмони террористӣ боис гардид, ки намояндагони созмонҳои такфирию ифротӣ аз Афғонистон, Покистон, Яман, Миср, Фаластин, Тунис, Алҷазоир, Мағриб, Нигерия, Туркия, Русия (ташкилоти муҷоҳидини Қафқоз), ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ниҳоят Иттиҳоди Аврупо ҳамчун гурўҳҳои размандаи мусал­лаҳ ба онҳо пайваст шаванд ва даст ба бедодгариҳои яке ваҳшиёнатар аз дигарӣ зананд. Дар матни нақшаҳои сиёсии ин созмон хатари асосӣ барои кишвару минтақаи мо таъсиси ҷабҳаи низомӣ-динии «Хуросони бузург» аст. Нахуст аз ҷониби саркар­да­гони «Давлати исломӣ» доир ба таъсиси созмонҳои «Амороти Моваруннаҳр» ва «Давлати исломии Шарқ» гуфтугўҳо доир мешуд. Аслан ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии собиқ шўравӣ. Ин ҷо мафҳуми «истилоҳи душмансозӣ» ба хотири васеъ нишон додани таъсиргузории ояндаи ДИИШ дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр роҳандозӣ мешавад.

Бояд эътироф намоем, ки маблағгу­зо­рӣ ва воситаҳои ахборию иттилоотии созмони ДИИШ қавӣ аст. Бо такя ба ин имкониятҳо идеолог­ҳои онҳо тавонистанд, ки мардуми сайёраро дар зери идеяи ботили «Давлати Хилофати одил» ҷалб намоянд, ки дар он ҳама чиз гўё тибқи фармудаҳои Худо ва шариат аст. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноком зуд шефтаву фирефтаи ин ваъдаҳо мешуд. Идеяи «муртази­қа»-и дар оғози ислом пайдошуда эҳё гардид, ки мутаассифона, шаҳрвандо­ни кишвари моро ҳам ба доми фиреби худ гирифтор карда тавонист ва онҳоро муассисони ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва пуштибони равияҳои тундгароӣ ва ифротӣ гардонид. Як қатор омилҳо, ба мисли паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, мушкилот дар савияи тахассусии рўҳониён ва таъсиргузории идеологии омилҳои беру­на боиси нуфуз пайдо кардан ва решадор шудани сиғаи тундгароёна ва ифротӣ дар фарҳангпазирии исломӣ гардид. Мутаассифона, пешвоёни соз­мон­ҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоии зиндагии онҳо пазируфта шавад. Дар шароити кунунӣ ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар дасти як гурўҳи муайян ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ табдил ёфтааст, ки онҳо аслан ҳадафҳои динию мазҳабиро пайгирӣ намекунанд. Ҳарчанд матлаби ошкорои ин созмонҳо таъсиси як давлати исломӣ бо номи шартии Хилофати Мовароуннаҳр бошад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуштибонони бурунмарзии онҳо, нахуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ қулай, сониян, роҳ ёфтан ба коркард ва истифодаи захираҳои фаровони нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоиданок ва ниҳоят, сармояи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ўзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон будааст ва хоҳад буд. Ҳамчунин набояд фаромўш кард, ки дар қаламрави васеи кишварҳои Осиёи Миёнаи пасошўравӣ яке аз минтақаҳои сераҳоли­тарини кураи Замин – водии Фарғона ҷойгир аст, ки сокинони он тақрибан тўли бештар аз бист сол бо шеваи мухолифат изҳор намудан ба ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ машҳур гаштаанд. Суиистифода аз камтарин проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ба мисли бекорӣ ва камбизоатӣ аз ҷониби неруҳои манфиатдор дар ин минтақа ҳар лаҳза метавонад боиси шиддат гирифтани андешаҳои тундгароёна дар заминаи эҳсосоти миллӣ ва динӣ байни миллатҳои бумӣ гардад. Ҳамчунин аст сиёсати давлатҳои абарқудрат – бо истифода аз ҳама гуна роҳу усулҳои имконпазир киш­вар­ҳо­ро ба гирдоби балоҳо кашонида, масъала­ҳои бузурги геополити­кии худро дар минтақа роҳандозӣ мекунанд.

Сазовори махсус ёдовар шудан аст, ки мавқеи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дини ислом комилан некбинона аст, ки аз таъбири машҳури «ислом ба терроризм ягон робита надорад» равшан бармеояд. Бинобар ин дар кишвари мо мубориза бо терроризму экстремизм маънои мубориза бо дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гузоштан хатои бузург аст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон саъю талошҳои пайгирона зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳ ва кон­сеп­си­яи ваҳдати мил­лии худ такя мекунад.

Дар сархатти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудани масъалаи густариши бесобиқаи экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз мо шадидан та­қо­зо менамояд, ки дар масъалаи аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ дуруст баҳо­гу­зорӣ намудани равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом, шинохти тахас­сусии ифротгароӣ ва тундгарои динӣ ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳо дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои саривақтӣ манзур намоем. Дар воқеъ, вазъияти ниҳоят мураккаби бай­нал­милалӣ, ки асосан дар заминаи суиистифода аз арзишҳои волои дини мубини ислом, кўшишҳои бисёрҷонибаи киш­вар­ҳои манфиатдор доир ба роҳандозӣ намудани низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар ҷаҳони ислом ҷараён дорад, хусусиятҳои решадор ва буҳронӣ касб карда истодааст ва моро водор менамояд, ки ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷуҳи аз ҳарвақта бештар зоҳир намоем ва муборизаи беамонро бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ-тарғиботии созмонҳои ифротӣ ва ошкор кар­дани роҳу усулҳои нави таъсиррасонии онҳо пурзўр намоем.

Аз ин ҷиҳат барои дуруст муайян кардани омилҳои қавианосири ширкати ҷавонон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Ховари Миёна аз аксари кишварҳои ҷаҳон нахуст моро зарур аст, назар ба манзари заминаҳои субъекти­вӣ ва объекти­вии пайдоиши ин нуқтаи доғи бесобиқа дар таърихи буҳронҳои сиёсӣ андозем. Чунин назокати корбурд ба масъа­ла, аз як паҳлў, агар барои баҳодиҳии воқеъбинонаи вазъият мусо­и­дат намояд, пас аз паҳлўи дигар, роҳу усулҳои гирои пешгирӣ намудани ҳолатҳои монандро дар фазои фарҳангӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пешгўӣ карда метаво­над. Аз дидгоҳи мо, дар робита ба ин мавзўи ниҳоят ҳассос анда­ру­ни ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо ба эътибор гирифтани матлабҳои зерин муҳим хоҳад буд:

  1. Бояд эътироф намуд, ки арзишҳои динӣ ба таркиби андешаи мил­лии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Фарҳанги ахлоқӣ-тарбия­вии ниёгони пурифти­хори моро берун аз ҳузури аносири динӣ тасаввур кардан номумкин аст. Имрўз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо замина­ҳои ҳуқуқӣ барои таҳияи консепсияи андешаи миллӣ, ки мафкураи исломӣ як ҷузъи таркибии он бошад, вуҷуд дорад. Вале раванди бовару эътиқод ва эҳёи динии мо бояд хусусияти бунёдгароии динӣ касб наку­над. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва андешаи миллӣ дини ислом бояд ҳам­чуно­не пазируфта шавад, ки ҳаст, на ончуноне, ки як гурўҳи маҳдуд мехоҳанд. Пас чаро имрўз дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муарри­фии дурусти арзишҳои динӣ барои таҳкими дастовардҳои давлати миллӣ корбурди сазовор пайдо накарда истодааст? Мутаассифона, дар таҷри­баи истиқлолияти худ мо оқибатҳои талхи ба фазои сиёсӣ нодуруст ворид намудани ченакҳои диниро аз сар гузаронидем, ки рақобати дунёси­те­зӣ ва секуляризм, ба имондо­рию куфрпешагӣ мансуб донис­тани якдигарро то андозаи лояъқил шиддат бахшид. Имрўз ба касе пўшида нест, ки аз тафаккури ҷомеа, ба хусус насли ҷавон берун овардани таъ­сир­гузории ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар ҷумҳурии мо кори басо мушкил ва заҳматталаб шудааст. Вале дастовардҳо низ назаррасанд, ки пурзўр намудани корҳоро дар ин самт тақозо менамоянд.
  2. Ҷамъбасти таҳлилҳои коршиносӣ дар шинохти таҳаввули ифрот­га­роӣ ва тундгароии динӣ, алалхусус дар байни ҷавонон мавҷуд будани заминаҳои мушаххаси пайдо шудани онҳоро ошкор кард: якум, омилҳои иқтисодӣ – идомаи буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти молу ашё ва хизматрасониҳо, ки дар натиҷа ба паст шудани сатҳи зиндагии мардум, баста шудани корхонаҳо ва афзоиши бекорӣ оварда расонд; дуюм, омилҳои сиёсӣ – буҳрони ҳокимияти сиёсӣ дар кишварҳои ҷангза­да, ки дар афзоиши пархошҷўӣ бар зидди ақидаҳои мухолифин, аз як тараф ва нотавонӣ дар ҳифзи азму субот дар ҷомеа, аз ҷониби дигар зоҳир мешавад. Набудани фазои солими ҳуқуқӣ ба он оварда расонида­аст, ки мардум ба амали ҳукми қонун кам бовар мекунанд; сеюм, омилҳои иҷтимоӣ – афзоиши бандубасти нобаробари иҷтимоии мардум, ки дар пайдо шудани як гурўҳи соҳиби дороии аз ҳад зиёд ва гурўҳи бе­на­воёни ноком барои пешбурди зиндагӣ ифода меёбад ва ташаккули синфи миёнаро зери суол меандозад; чаҳорум, омилҳои маънавӣ – касод ва фурўпошии маънавӣ дар сатҳи ҷомеа ва фард, безамонӣ ва бемеҳва­рии идеологӣ, ки дар он арзиш­ҳои ахлоқӣ ба халалпазирӣ дучор мешаванд. Бартараф нагардида­ни чунин омилҳо метавонанд сабабгори таҳаввули ифротгароии динӣ ба ифротгароии сиёсӣ ва милатгароӣ гарданд.
  3. Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҷдиди пайвастаи иттилоот ва омор дар робита ба ин мавзўъ, пешгирии зуҳуроти ифротӣ, гузаронидани вохўрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровар­дани тамо­ми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус гурўҳи рўҳониён садди роҳи ин вабои аср дар шароити зуд тағйирёбандаи ҷаҳонӣ шуда метавонем. Мехостем моро дуруст фаҳманд, ки имрўз вуҷуд доштани теъдоди ниҳоят зиёди масҷидҳо дар Тоҷикистон раванди ташвишовар касб карда­аст, ҳалли масъалаи таъмини онҳо бо кадрҳои сазовори тахассусӣ ва мудирияти муваффақ мушкилоти зиёд дорад. Вале иттиҳодия­ҳои динӣ ҳам моликияти бечунучарои давлати Тоҷикистон аст ва бояд барои таҳки­ми сулҳу субот ва тинҷию оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми фаъол дошта бошад. Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло дар байни уламои суннатӣ ва рўҳониён гурўҳи созандае пайдо шудааст, ки аз рўйи имону эҳтисоб тарафдору манфиатдори оромию рушди устувори кишвар аст. Зеро онҳо амалан эҳсос кардаанд, ки обрўю эҳтиром ва дастгирии молиявии онҳо дар фазои ороми корҳои созандагию ободонии ҷумҳурии азизамон ба ваҷҳи некў риоя мешавад. Моро танҳо зарур аст, ки роҳу усулҳои ҳам­кории судмандро дар бунёди фазои солими сиёсӣ бо онҳо барномарезӣ намоем, таҷрибаи бештар аз ҳазорсолаи минбардорӣ ва тавассути сухан ба кор андохтани нерўи созандаи мардумро аз онҳо иқтибос намоем.
  4. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар дурнамои сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвари мо раванди доимӣ аст. Дар заминаи шиддат гирифтани муносибати геополитикӣ ва идома ёфтани таҳримҳо ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандо­ни Россия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурзўр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо низ хотима наёфтааст. Муҳоҷирони мо дар ин шароити мушкили буҳронӣ ҳам ба маърифату ҳимояти ҳуқуқӣ ва ҳам дастгирии ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ дар асоси муқаррароти қарордодҳои дуҷониба сахт ниёз до­ранд, ки метавонад омили муҳими ифротзудоӣ дар байни ҷавонон бошад.
  5. Хатари дигари бузург ҳаммарз будани мо бо Афғонистон боқӣ мемонад. Аз қазову қадар чунин ҳукм шудааст, ки ҳамсояро интихоб намекунанд. Ба назари мо, ҳолати омодабошии доимии ниҳодҳои қудра­тӣ ва интизомии мамлакати мо, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонад амнияти марзу буми моро аз номардиҳои гурўҳу соз­мон­ҳои парокандалашкари он сўйи дарё поку беолоиш ҳифз намояд.
  6. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба сиёсати ҷавонон, дастгирии соҳибкорӣ дар байни онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳимтарини пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии мо дар муқовиматҳои мусаллаҳона, паст кардани шиддати ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии мо хоҳад буд. Рўйдоди фараҳ­бахши тағйир додани маҷрои дарёи Вахш бо ширкати бевоситаи Пешвои миллат ба ҳадиси орзумандии мо муждаи пайванди воқеӣ медиҳад, баста шудан, боло рафтани сатҳи об ва тавлиди киловаттҳои нахустини барқ, пеш аз ҳама, бунёди ҷойҳои корӣ ва таҳкими потенсиали саноатию истеҳсолии ҷумҳурии моро ба маротиб афзун мегардонад.

 

 Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

 

 

 

 

 

Ноябрь 1, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?