Тамринҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ

Ноябрь 16, 2016 10:16

Душанбе, 16.11.2016. /АМИТ«Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои саҳроии «Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳияи Варзоб», ки 15 ноябр оғоз гардида, то 19 ноябри соли равон идома меёбанд, ширкат доранд.
«Тамринҳои мазкур тибқи нақшаи барномаҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2016 дар ноҳияи Варзоб гузаронида шуда истодаанд»,- хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаржданӣ.
«Барнома оид ба мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври ҳамешагӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ гузаронида мешавад»,- афзуд манбаъ.

Ноябрь 16, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад