Ташрифи гурӯҳи коршиносони барномаи «Мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ»
Душанбе, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони барномаи «Мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ» (БОМКА) баҳри кӯмак расонидан дар беҳтар намудани реҷаҳои ҳаракат дар сарҳадоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд. Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки барнома аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шудааст.
Дар доираи барнома ҳамкорӣ байни сарҳадбонони маҳаллӣ, мақомоти маҳал ва ҳифзи ҳуқуқ дар сарҳад баррасӣ шуд.
«Мақсади асосии фаъолияти БОМКА дар ин самт- ин саҳмгузорӣ дар замонависозии реҷаҳои ҳаракат дар сарҳадоти маҳаллии Осиёи марказӣ, истифода аз таҷрибаи мушаххаси ИА дар ин ҷода, пешбурди кодификатсия ва татбиқнамоии амалӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни сарҳадбонони маҳаллӣ, мақомоти маҳал ва ҳифзи ҳуқуқ дар сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи коршиносон ба афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Иттиҳоди Аврупоро зикр ва бо ҳамкорони маҳаллӣ усулҳои мутобиқати таҷрибаро дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Ҷалб намудани намояндагони мақомоти ҳифзи сарҳад дар кори мусоидат дар самти дуруст ба роҳ мондани реҷаи ҳаракат дар сарҳади маҳаллӣ чун зарурати ҳамкорӣ байни намояндагони мақомоти сарҳадбонии минтақа арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






