Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA 9 зина боло рафт

Ноябрь 25, 2016 09:47

Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар раддабандии нави FIFA, ки дирӯз мунташир шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 зина боло рафта, аз зинаи 140 ба 131 баромад. Ин нишондиҳанда баъди ғалабаи футболбозони мо дар ду бозии охиринашон бар дастаҳои мунтахаби Туркманистон(3:0) ва Афғонистон (1:0) ба даст омадааст. Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё низ мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуд ва дар зинаи 20-ум қарор дорад. Дар ин нишондод дар Осиё ҳамоно дастаи мунтахаби Эрон дар ҷои аввал (30-ум дар ҷаҳон), Кореяи Ҷанубӣ дуюм (37) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (45) мебошанд.
Дар ҷаҳон мутаносибан дастаҳои мунтахаби Аргентина (1634), Бразилия (1544) ва Олмон (1433) се зинаи аввалро ишғол мекунанд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 инҷониб гузаронида шуда , имтиёзҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллии кишварҳо дар давоми чор сол дода мешаванд.
Натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон то ба имрӯз мақоми 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.
Феҳристи нави FIFA 22 декабр ба нашр мерасад.

fifa-ranking

Ноябрь 25, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд