«Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман!»
Тоҷикобод, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Саёҳат Сайимова, ятими кулл, истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод ва донишҷӯи Литсеи касбию техникии ноҳияи мазкур дар озмуни минтақавии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ман, мулки беҳамтои ман!» ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Саёҳат бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора масъулини Литсеи касбию техникии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар минтақаи Рашт бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагону донишҷӯён чунин озмунҳо ташкил карда шуданд. Беҳтарин иштирокчиёни озмунҳо сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гардиданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






