Вазирони мудофиаи ИДМ дар Маскав ҷамъ омаданд

Ноябрь 30, 2016 15:05

Душанбе, 30.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии 71-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия имрӯз, 30 ноябр ба кори худ шурӯъ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, шоми дирӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мазкур ба Маскав сафар намуд.
Интизор меравад, ки Шералӣ Мирзо дар доираи сафар бо як зумра ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ оид ба баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-техникӣ гуфтушунидҳо анҷом хоҳад дод.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласа 20 масъалаи марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуда, аз фаъолияти муштараки ин ниҳодҳо дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли ояндаи ҷашнӣ тарҳрезӣ мешавад.

Ноябрь 30, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид