«Як нафар ба Ванҷ баргашт, 25 нафари дигар куҷо рафтанд ва дар куҷо кор мекунанд?», — шарҳи матбуот

Ноябрь 3, 2016 12:18

Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  29 октябр дар соҳили дарёи Вахш бо ҳузури як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гурӯҳ ҷавонони саодатманди кишвар баргузор гардида буд, муҳтавои асосии матбуоти даврӣ дар ҳафтаи ҷорӣ шудааст.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (31.10.2016,№216) дар саҳифаи аввал аз бунёди сарбанди неругоҳ гузориши муфассал чоп карда, матни суханронии Пешвои миллатро дар маросими тағйир додани маҷрои дарёи Вахш бо сарлавҳаи «Неругоҳи Роғун барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дорад»  пешкаши хонандагон намудааст. Ҳамчунин дар «Сухани рӯз»-и нашрия гуфтаҳои зерини Сарвари давлат дарҷ гардидаанд: «Шумо дар хотир дошта бошед, ки саҳматон дар сохтмони ин иншооти барои имрӯзу фардои Ватан ҳаётан муҳим аз ҷониби наслҳои оянда чун тимсоли фидокорӣ ба хотири рушди Ватану миллат эътироф ва қадрдонӣ хоҳад шуд».

Нашрияи «Ҷумҳурият» (01.11.2016,№217) бо сарлавҳаи «Таҳқиқоти сотсиологӣ сатҳи коррупсияро арзёбӣ кард» гузориши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро оид ба таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ ҷиҳати арзёбии вазъи коррупсия дар мамлакат, ки дар маҷлиси навбатии Ҳукумат пешниҳод шуда буд, нашр кардааст. Муаллифи мақолаи «Квота, чаро донишҷӯён ба маҳалҳо барнамегарданд?» аз набудани духтурони қалб, чашм, пӯст, кӯдакон, мутахассисони таҷҳизоти ташхиси соҳаи тиб дар ноҳияи Ванҷ изҳори ташвиш карда, навиштааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ин ноҳияи дурдаст тибқи квотаи президентӣ 26 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро хатм карданд, аммо ҳамагӣ як нафари онҳо – Шафоат Шарифова ба Ванҷ баргаштаасту халос. «25 нафари дигар куҷо рафтанд ва дар куҷо кор мекунанд?» саволгузорӣ кардааст муаллифи мақола. Дар шумораи дирӯзаи «Ҷумҳурият» (02.11.2016,№218) Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ чоп шудаанд. «Бозёфти боз як шаҳри қадимаи замони Кушониён» аз натиҷаи корҳои ибтидоии ҳафриётии экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки муддати ду моҳ дар назди деҳаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида шудаанд, нақл мекунад.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (01.11.2016,№135) таҳти сарлавҳаи «Соли 2018 нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон мегардад» суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш чоп карда, аз оғози бунёди сарбанди неругоҳи Роғун гузориши муфассалро пешкаши хонандагон намудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия ба саволи «Чаро нархи барқ тағйир ёфт?» шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» чоп шудааст.

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи имрӯз чопшуда (03.11.2016,№136) мақолаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизиро бо сарлавҳаи «Қутбнамои давлат ва миллат» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, моҳияти демократӣ ва муносибат бо динро муайян намуда, тағйирнопазирии онҳоро таъкид менамояд».

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм дар баробари гузориш аз оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун мақолаҳои «Низоми сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ – талаби  замон», «Ормонҳои давлатдории миллӣ», «Сифати дониш – ҳадафи асосӣ», «Захираҳои табиӣ – таъмингари некуаҳволии мардум» ва дигар хабарҳоро аз ҳаёти мактабу мактабиён нашр кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аксҳои таърихиро аз оғози бунёди сарбанди НБО «Роғун» дар саҳифаҳои як ва ду дарҷ карда, табрикоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозодаро бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо сарлавҳаи «Эҳтиром ба Конститутсия омили устувории давлат аст» чоп кардааст.

Нашрияи «Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Роғун – равзанаи нур» андешаҳои муҳаррири нашрия А.Аҳмадзодаро аз маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи Роғун нашр кардааст, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст: «Воқеан ҳам он рӯз аҳли зиё, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коргарони НБО-и Роғун дар маъракае ширкат доштанд, ки дар таърихи кишвар бо хатҳои зарин навишта хоҳад шуд».

Дар ҳамин шумораи нашрия бо сарлавҳаи «Сарояндагони андозгурез» мақолаи Усмон Ниёзов нашр шудааст, ки сарпечӣ кардани Зулайхо Маҳмадшоева, Суруш Холов, Ҷамила Каримова, Фахриддини Малик, Баҳром Ғафурӣ, Сангалӣ Мирзоев ва дигар сарояндагонро аз пардохти андоз фош намудааст.

Ноябрь 3, 2016 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид
Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад