10 декабр-Рӯзи ҳуқуқи инсон: Ҳуқуқи инсон – арзиши муҳими ҷомеаи муосир мебошад

Декабрь 10, 2016 08:09

ДУШАНБЕ, 10.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола ҷаҳони муосир рӯзи 10 декабрро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ки дар он барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Таърихи ин рӯз вобаста аст ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Яъне 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия ин санади таърихӣ қабул гардида буд. Дар ҳақиқат нақши ин санади муътабар барои инсоният дар даврони имрӯза хеле муҳим ва бузург мебошад.

Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро ғунҷонад. Cарфи назар аз ин хусусиятҳои номбаршуда, тамоми инсонҳо бояд аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бархурдор бошанд».

Ба андешаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, агарчи cанади мазкур хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва қариб 70 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.

«Дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ баръало таҷассум ёфтааст. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломӣ хамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки онҳо ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дарҷ гардиданд»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Дар асоси Эъломия чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардиданд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Аз ҷумла, ду Паймони байналмилалӣ- «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки ба ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Ин паймонҳо 16 декабри соли 1966 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд ва имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ 50-солагии онҳоро ҷашн мегирад.

prav-cheloveka

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдро ба анҷом расонид. «Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, тақвияти робита ва ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Ин ғамхории бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба халқи Тоҷикистон ва ҳар як узви ҷомеа мебошад»,-баён намуд З. Ализода.

Ба маълумоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, имсол ба муносибати 50- солагии паймонҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барномаҳои дахлдор ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, гузаронидани ҷамъомад дар мавзӯи «Нақши паймонҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади ҷашнгирии Рӯзи ҳуқуқи инсонро З. Ализода ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳким ва рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард арзёбӣ намуд.

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагонии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа, мақсади олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри амалӣ намудани ин мақсади олӣ сарф менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ин нуктаро таъкид менамояд ва тадбирҳои зарурӣ барои расидан ба ин мақсади олӣ андешида мешаванд»,-изҳор намуд Зариф Ализода.

Мавҷуда АНВАРӢ

Декабрь 10, 2016 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт