Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир шуд

Декабрь 24, 2016 13:06

abdudzhabbor-rahmonzodaДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлати ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир гардид.

Дар ҷаласа рафти татбиқи ҳадафи Даҳсолаи нав, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, таҳлилу баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа аз ҷумла қайд шуд, ки дар тамоми сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар оид ба мавзӯи мазкур мизҳои мудаввар ташкил карда шуда, натиҷаи онҳо дар ВАО-и кишварҳои мустақар бо забонҳои гуногун нашр карда шаванд.

Инчунин, таъкид гардид, ки вазорату идораҳои дахлдор, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқикоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муассисаҳои олӣ баҳри таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон, ба ВАО-и давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони варзида доир ба мавзӯи мазкур рубрикаҳои нав ифтитоҳ намуда, мунтазам бо барномаҳои марбута, мақолаву мусоҳибаҳо ҳадафҳои Даҳсолаи навро инъикос намоянд.

Ба иттифоқҳои нависандагон, композиторон ва рассомон тавсия дода шуд, ки бо шеъру достонҳо, суруду мусиқӣ ва аксҳои ҷолиб масъалаҳои марбут ба обро тарғибу ташвиқ намуда, дар арсаи байналмилалӣ ибтикороти Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.

Декабрь 24, 2016 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад