Ҷамъбасти кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2016 17:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахтро ба вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи даромади буҷет ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин пурра ба низоми гармидиҳии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 пайваст кардани иншооти пойтахт ҷалб намуданд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба беҳтар кардани хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, масъалаи зимистонгузаронӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатии пойтахт ва назорати кори комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дода шуд.

Дар кори маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар инчунин ҳисоботи Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода, Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар анҷоми кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 суханронӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2016 Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ баёнгардида ҳарчи зудтар омода ва татбиқи саривақтии онро таъмин намоянд.

Декабрь 23, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд