Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. 20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳаввулоти кунунии ҷаҳонӣ аҳамияти Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун майдони муколамаи созанда ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд таъкид менамояд.
“Мо ба тақвияти минбаъдаи нақши Созмон дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва фазои эътимод дар тамоми самтҳои фаъолияти он манфиатдорем”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли осоиштаи низоъҳо ва тақвияти нақши марказии ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар ин зимн гуфта шуд, ки ташаббуси кишвари мо дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда солҳои 2027-2036, ки аз ҷониби Маҷмаии умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ба ин ҳадафҳо мутобиқ аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо пайваста ҷонибдори тақвияти нуфузи байналмилалии Созмон ва афзоиши таъсири амалии фаъолияти он ҳастем.
Дар ин робита, густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкории саноатӣ ва агросаноатӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз ва тақвияти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ зарур шумурда шуд.
“Мо бовар дорем, ки рушди робитаҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва давлатҳои манфиатдор муҳим аст”, — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз Шуро даъват карда шуд, ки ба татбиқи қарорҳои дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ қабулшуда тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас мусоидат кунад.
Президенти кишвар ба масъалаи амният афзалият дода, тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зарур донистанд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси кишвари мо қабул шудааст, андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон татбиқи ислоҳотеро, ки ба рушди бахшҳои стратегии иқтисодиёт ва бахши хусусӣ, беҳтар кардани муҳити тиҷорат ва татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия нигаронида шудаанд, идома медиҳад.
Дар ин замина, Сарвари давлат ҷонибдории Тоҷикистонро аз густариши ҳамкорӣ дар технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос дар ин соҳаҳо таъкид намуданд.
Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои маориф, аз ҷумла омӯзиши касбии ҷавонон, барномаҳои муштараки таълимӣ ва академӣ ҷалб намуданд.
Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, дастгирии доимии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бахши об ва иқлим аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд.
Дар фароварди мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон минбаъд низ саҳми созандаи худро дар ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак хоҳад гузошт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд






