Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 19, 2026 17:51

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонем.

Аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карда шуд.

Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд.

Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф 19.10.2026

Октябрь 19, 2026 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон