Ансамбли академии давлатии халқии русии «Россия» ба Хуҷанд меояд

Декабрь 9, 2016 11:12

ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли равон ҳунармандони Ансамбли академии давлатии халқии русии «Россия» ба номи Людмила Зикинаи Федератсияи Россия бо сафари ҳунарӣ ба маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд меоянд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
«Тибқи қарордоди қаблӣ ҳунармандони гурӯҳи мазкур баробари пешниҳоди барномаҳои консертӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳр, аз қабили «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» ва маҷмааи «Истиқлол» дидан намуда, бо ҳунармандони маҳаллӣ суҳбату мулоқот доир хоҳанд кард»,- афзуд манбаъ.
12 декабр соати 16.00 консерти муштараки санъаткорони вилоят ва Ансамбли академии давлатии халқии русии «Россия» барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ансамбли мазкур соли 1977 бо ташаббуси Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Зикина таъсис ёфт ва ӯ то охири умр ба он роҳбарӣ намуд. Баъдан ансамбли мазкур ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи ин ҳунарманд номи Людмила Зикинаро гирифт.

ansambli-zykina

Декабрь 9, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад