Аз 17 то 21 декабр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, боридани барфу борони шадид пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 17-21 декабрро аз ҳавои номусоид, боридани барфу борони шадид ва туман огоҳӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзона дар водиҳо 8 -10 дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти ғарб дар як сония 15-20 метр мевазад.
Дар шаҳри Душанбе борон дар назар аст. Ҳаво аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон борон меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд боридани борон пешбинӣ шуда, дар баландии 1200 метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2-7 то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аввал борон борида, баъдан ба барф табдил меёбад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






