Аз хушунат то муҳаббат як қадам

Декабрь 3, 2016 10:20

Душанбе, 03.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунату зӯроварӣ» таҷлил мегардад. Ин рӯз ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳо нисбат ба занон бахшида шудааст.
Дар доираи ин барнома дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳфили маърифативу фарҳангӣ таҳти унвони «Аз хушунат то муҳаббат як қадам» доир гардид.
Дар маҳфил устодону шогирдони донишкада, раиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадабоева, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Мукаррама Неъматова, сарвари Маркази занони шаҳри Хуҷанд «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова иштирок карданд.
«Иштирокдорон дар бораи омилҳои сар задани хушунат дар оила сухан ронда, таъкид доштанд, ки маҳз паст будани маърифати оиладорӣ, бетарафии аҳли ҷомеа сабаб мешавад, ки сафи пошхӯрии оилаҳо зиёд ва фишору тазйиқ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар аъзои он сар мезанад. Ба андешаи маърӯзакунандагон хушунат ба чанд навъ ҷудо мешавад: равонӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ, молӣ-иқтисодӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин намудҳои хушунат дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ дида мешаванд. Ва натиҷаи ин амал кӯдакони кӯча, ноболиғони моҷароҷӯю ҷинояткор, кӯдакони хонагурезу мактаббезоранд, ки мо ҳамарӯза онҳоро мушоҳида мекунем»,-иттилоъ дод манбаъ.
Мутахассисони Маркази занони шаҳри Хуҷанд «Гулрухсор» доир ба мавзӯи муноқишаҳои оилавӣ, муносибати арӯсу хушдоман ва мавқеи занону духтарон дар рушди иҷтимоиёт маърӯза намуда, слайдҳои ҷолибро пешниҳод карданд.

Декабрь 3, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад