Аз Паём то Паём: Солҳои минбаъда норасоии мутахассисони соҳаи тиб бартараф хоҳад шуд

Декабрь 19, 2016 12:04

navruz-chafarovДУШАНБЕ, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки «нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров оид ба ҳалли мушкилоте, ки дар Паём қайд гардида буд, ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф чунин гуфт: «Аз он камбудиҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ироа доштанд, якеаш камбудии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан дар вилояти Хатлон буд. Бинобар ин бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон 1 сентябри соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони нахустини худро қабул намуд».
Н. Ҷаъфаров зикр намуд, ки дар айни ҳол дар он ҷо 353 нафар донишҷӯ таҳсили илм дошта, аз ин ҳисоб 150 нафар аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва 203 нафар аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ таҳсил доранд.
«Ногуфта намонад, ки бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи иқтидори кадрии соҳа, имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1935 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 400 нафар зиёдтар аст. Албатта, умедворем, ки дар солҳои минбаъда бо истифода аз иқтидорҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ норасоии мутахассисони соҳаи тибб бартараф хоҳад шуд»,- зикр кард Н. Ҷаъфаров.

Декабрь 19, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд