Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон 90 нафар журналистон донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и ин муассиса ба шунавандагони машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид. Мувофиқи иттилои директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, «давоми соли 2016- 90 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд».
Имрӯз 18 нафар шунавандагон ба дарёфти шаҳодатномаҳои хатми машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои асосҳои наворбардорӣ дар синамо ва телевизион ва таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои журналистони русзабон мушарраф гардиданд.
Мутахассиси варзидаи соҳаи наворбардорӣ Георгий Дзалаев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ба машғулиятҳои доирнамудаи Академияи ВАО аз тамоми шабакаҳо наворбардорон даъват гардида, такмили маҳорати наворбардорон дар оянда низ ба роҳ монда мешавад.
«Тарзи пешниҳоди матлаб дар барномаҳои телевизионӣ маҳорати хоса металабад», — гуфт продюсери барномаҳои ширкати радиотелевизионии байнидавлатии «Мир» Илҳом Маҳкамов ва илова кард, ки «иқдоми Академияи ВАО дар бобати такмили ихтисоси барандагон ва муҳаррирони русзабони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саривақтӣ мебошад».
Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон 1 марти соли 2016 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






