Дар ДМИТ созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти фаъолияти якҷояи илмию педагогӣ ва таълимию методӣ ба имзо расид
Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» корашро идома дод.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар бахши «Рушди ояндаи ДМИТ дар самти маркази ақлҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ректор Ашурбой Солеҳзода муаррифиномаи ДМИТ-ро намоиш дода, дар бораи ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти ДМИТ маълумот дод. Тавре А. Солеҳзода изҳор дошт, «ҳадафи асосии донишкада- ин пешсафӣ дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мебошад. Дар муддати чаҳор соли фаъолият дар донишкада вобаста ба талаботи бозори меҳнат номгӯйи ихтисосҳо аз 24 то 37 адад расонида шуд».
Зикр шуд, ки дар курси магистрии идоракунии молияи давлатӣ, ки аз моҳи сентябри соли 2017 ҷорӣ карда мешавад, метавонанд кормандони мақомоти молияи маҳаллӣ таълим гиранд. Хатмкунандагони магистратура дорои қобилияти банақшагирии самаранок ва ояндабинии даромади буҷетӣ ва меъёрҳои баҳисобгирии ватанӣ ва байналмилалӣ шуда, инчунин усулҳои идоракунии самараноки хазинадориро меомӯзанд.
Сергей Приходко, директори иҷроияи Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар зимни конфронс гуфт, ки «самтҳои фаъолияти ин муассиса фарох буда, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, машваратӣ, нашриётӣ, баргузории конфронсу семинарҳо аз самтҳои муҳиму асоситарин ба шумор мераванд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба омӯзиши масъалаҳои сиёсати буҷетӣ, сиёсати инноватсионӣ, иқтисодиёти аграрӣ, идоракунии молияи давлатӣ равона гардидаанд».
Сипас байни Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Маскав) ва Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Русия (Маскав) ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти фаъолияти якҷояи илмию педагогӣ ва таълимию методӣ ба имзо расид.
Дар нимаи дуюми рӯз конфронс идома ёфта, дар умум 26 маърӯзаи илмӣ муҳокима карда шуданд. Маърӯзаҳо асосан баррасии масъалаҳои таҳлили муқоисавӣ ва такмили минбаъдаи низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои методологии таҳлили минтақавӣ дар кишвар, рушди назорати молиявии давлатии дохилӣ дар бахши давлатӣ, таҳлил ва механизмҳои мушкилоти танзими таваррум дар кишварро фарогир буданд ва дар заминаи онҳо мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.
Дар ҷамъбасти конфронси байналмилалӣ дар заминаи корҳои тадқиқотӣ ба вазорату идораҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳои амалишаванда ироа карда мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






