Дар ДМИТ созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти фаъолияти якҷояи илмию педагогӣ ва таълимию методӣ ба имзо расид

Декабрь 2, 2016 16:46

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» корашро идома дод.

Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар бахши «Рушди ояндаи ДМИТ дар самти маркази ақлҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ректор Ашурбой Солеҳзода муаррифиномаи ДМИТ-ро намоиш дода, дар бораи ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти ДМИТ маълумот дод. Тавре А. Солеҳзода  изҳор дошт, «ҳадафи асосии донишкада- ин пешсафӣ дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мебошад. Дар муддати чаҳор соли фаъолият дар донишкада вобаста ба талаботи бозори меҳнат номгӯйи ихтисосҳо аз 24 то 37 адад расонида шуд».

Зикр шуд, ки дар курси магистрии идоракунии молияи давлатӣ, ки аз моҳи сентябри соли 2017 ҷорӣ карда мешавад, метавонанд кормандони мақомоти молияи маҳаллӣ таълим гиранд. Хатмкунандагони магистратура дорои қобилияти банақшагирии самаранок ва ояндабинии даромади буҷетӣ ва меъёрҳои баҳисобгирии ватанӣ ва байналмилалӣ шуда, инчунин усулҳои идоракунии самараноки хазинадориро меомӯзанд.

Сергей Приходко, директори иҷроияи Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар зимни конфронс гуфт, ки «самтҳои фаъолияти ин муассиса фарох буда, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, машваратӣ, нашриётӣ, баргузории конфронсу семинарҳо аз самтҳои муҳиму асоситарин ба шумор мераванд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба омӯзиши масъалаҳои сиёсати буҷетӣ, сиёсати инноватсионӣ, иқтисодиёти аграрӣ, идоракунии молияи давлатӣ равона гардидаанд».

Сипас байни Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Маскав) ва Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Русия (Маскав) ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти фаъолияти якҷояи илмию педагогӣ ва таълимию методӣ ба имзо расид.

Дар нимаи дуюми рӯз конфронс идома ёфта, дар умум 26 маърӯзаи илмӣ муҳокима карда шуданд. Маърӯзаҳо асосан баррасии масъалаҳои таҳлили муқоисавӣ ва такмили минбаъдаи низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои методологии таҳлили минтақавӣ дар кишвар, рушди назорати молиявии давлатии дохилӣ дар бахши давлатӣ, таҳлил ва механизмҳои мушкилоти танзими таваррум дар кишварро фарогир буданд ва дар заминаи онҳо мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.

Дар ҷамъбасти конфронси байналмилалӣ дар заминаи корҳои тадқиқотӣ ба вазорату идораҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳои амалишаванда ироа карда мешаванд.

 

 

Декабрь 2, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт
«МАЛИКАИ НАВРӮЗ — 2023». Дар Кӯлоб озмуни вилоятӣ доир карда шуд
Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони палатаи поёнии Парлумон ба анҷом расид
Муҳаққиқон хабар доданд, ки ба истеҳсоли қаҳва тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад