Дар Душанбе ҳамоиши «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» идома дорад

Декабрь 7, 2016 15:06

ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади эҳтиром ва бузург доштани модар, инчунин афзудани меҳри наврасону ҷавонон ба модар ҳамоиши тарбиявии «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Мақсади асосии ҳамоиш- ин дар замири насли ҷавон муқаддас нигоҳ доштани мақому манзалати волидайн ва ҳамеша масъул будан барои нигоҳубини онҳо мебошад»,-иттилоъ дод манбаъ.
«Ҳамоиши мазкур бори аввал аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар баргузор карда шуда, он то охири ҳафта идома меёбад»,-афзуд манбаъ.

 

Декабрь 7, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад