Дар Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Декабрь 29, 2016 09:27

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 28 декабр  соати 19:25  бо вақти маҳаллӣ заминларза  ба қайд гирифта  шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маркази  заминларза  дар километри 270-уми  самти ҷанубу  шарқ  аз шаҳри Душанбе  дар  қаламрави Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон воқеъ буд.  Қувваи заминларза  дар  марказаш 4 балл,  дар  шаҳри Душанбе  2-3 баллро  ташкил дод.
Ба иттилои КҲФ, талафоти  ҷонӣ  ва хисорот  ба қайд  гирифта нашудааст.

Декабрь 29, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад