Дар филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» семинар баргузор гардид
Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (ФДДМ) дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» семинар баргузор гардид. Дар он Ботир Залимов, равоншиноси ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс» ва Фирдавс Нарзуллоев, мушовири ташкилоти ҷамъиятии мазкур иштирок намуда, ба донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд.
«Мақсади семинар аз иттилои бештар расонидан ба ҷавонон оид ба бемории ВНМО иборат мебошад»,-иброз дошт Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи ФДДМ дар шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ин рӯз таҷлил мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






