Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳияи Ёвон қариб 150 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст

Декабрь 9, 2016 11:09

ЁВОН, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҷалби хонандагони китобхонаҳои ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 224 нусха китоби тозанашри бадеӣ, бачагона ва соҳавӣ ба маблағи 2385 сомонӣ ва 2000 дона варақаи хонандагон ба маблағи 600 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби буҷаи ноҳия ба маблағи 10000 сомонӣ 229 нусха китоб харид шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар масъулини Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
«Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳия 149 ҳазору 886 нусха китоб мавҷуд аст, ки аз ин 46 415 нусха адабиёти тоҷикӣ, 90 319 нусха адабиёти русӣ ва 13159 нусха адабиёт ба дигар забонҳо мебошанд»,-зикр кард манбаъ.
Соли равон аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 нусха китоб ба маблағи 4157 сомонӣ ба тариқи ройгон ба хазинаи китобхона ворид гардид.

Декабрь 9, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад