Дар ноҳияи Мастчоҳ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №38-и ноҳияи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ иборат аз 9 синфхона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросими баистифодадиҳии бино Раҳматулло Мирбобоев, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Ғайрат Азиззода, Раиси ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуданд.
«Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби соҳибкор Фаррух Шарипов бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуда, барои 216 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Алҳол дар шафати бино сохтмони толори варзишӣ низ босуръат идома дорад»,-хабар дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки мактаби мазкур аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 ҷуфт мизу курсӣ, 9 тахтаи синфӣ, 9 мизу курсӣ барои омӯзгорон, таҳҷизот барои ҳуҷраи кории директор, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд бо 3 адад ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо 2 адад компютер таъмин гардид.








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






