Дар шаҳри Душанбе 22 ҳодисаи сӯхтор бо сабаби истифодаи нодурусти баллонҳои гази моеъ дар хонаҳои истиқоматӣ ба амал омадааст

Декабрь 9, 2016 16:03

ДУШАНБЕ, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо фарорасии фасли сармо ҳодисаҳои сӯхтор бештар ба назар мерасанд. Яке аз сабабҳои он аз меъёр зиёд истифода бурдани қувваи барқ, таҷҳизоти барқии худсохт ва истифодаи нодурусти баллонҳои гази моеъ мебошад.
Дар банди 211 «Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, чунин омадааст: «Нигоҳ доштани баллонҳо бо газҳои сӯзанда дар хонаҳо, ҳуҷраҳо ва ҳуҷраҳои истиқоматии фардӣ, инчунин дар ошхонаҳо, дар роҳҳои таҳлия, дар ошёнаҳо ва ҳуҷраҳои таҳхонаҳо ва болохонаҳо, дар балконҳо ва пешайвонҳо роҳ дода намешавад».
Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои равшанӣ андохтан ба истифодаи баллонҳои гази моеъ дар хонаҳои истиқоматӣ бо Шуҳратҷон Ғафуров, нозири калони шуъбачаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат гардид.
«Аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе санҷиши хонаҳои истиқоматӣ гузаронида мешавад. Дар байни аҳоливу истиқоматкунандагони пойтахт оид ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва тарзи дуруст истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ ва гази моеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд»,-баён дошт Ш.Ғафуров.
Инчунин мусоҳиб зикр намуд, ки «мақсади асосии мо- пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор мебошад. Аз ин рӯ, аз тарафи ҳар як нозир ба сокинони хонаҳои истиқоматӣ фаҳмонда мешавад, ки истифодаи гази моеъ дар хонаҳои истиқоматӣ манъ аст. Дар ҳолати иҷро нашудани ин тавсияҳо Раёсат санади маъмурӣ тартиб дода, ба шаҳрванд огоҳнома равон карда мешавад ва аз 5 то 7 нишондиҳанда ҷарима ситонида мешавад».
«Ба истифодаи баллони гази моеъ дар манзилҳои истиқоматӣ танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки баллон дар беруни ҳуҷра ҷойгир карда шуда бошад. Бояд барои баллон қуттии оҳанин монда, бо қубур то ҷои даркорӣ оварда, ба ҷои истифода тавассути рӯда гузаронида шавад»,- зикр намуд мусоҳиб.
Ҳамчунин Ш. Ғафуров зикр намуд, ки «бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор мо аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радио роликҳои тарғиботиамонро ҳамарӯза намоиш медиҳем».
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар соли 2015- 12 ҳодисаи сӯхтор бо зарари 52 753 сомонӣ ва дар соли 2016 — 22 ҳодисаи сӯхтор бо зарари 19330 сомонӣ аз ҳисоби баллонҳои гази моеъ ба амал омадаанд. Сабаби инро мутахассисон истифодаи нодурусти баллонҳои гази моеъ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон маънидод мекунанд.

Декабрь 9, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад