Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар вилояти Суғд ҷиҳати аз ҷониби СММ эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, бо ибтикори роҳбарияти бахши суғдии кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии бахши суғдии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш таъкид шуд, ки қабули қатъномаи мазкур саривақтию зарурӣ буда, он аҳамияти умумибашарӣ дорад. Зеро оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, боиси ифтихори тоҷикистониён буда, ҳизбиён вазифадоранд моҳияти ин амали бузургро ба аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон фаҳмонанд.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






