Дар шаҳри Роғун бо иштироки Азим Иброҳим се иншоот ба истифода дода шуданд

Декабрь 19, 2016 10:32

РОҒУН, 19.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар шаҳри Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, собиқадорону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр се иншооти нав ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дарвоза дар даромадгоҳи шаҳри Роғун сохта шуда, навсозии кӯчаи сохтмончиёни шаҳр ва навсозии бинои комбинати хизмати маишӣ анҷом дода шуд. Комбинати хизмати маишӣ пас аз навсозӣ ба маркази ҷавонон табдил дода шуда, дар он минбаъд шуъбаи САҲШ, раёсати молия, маориф, ҳифзи иҷтимоии шаҳр ва рӯзномаи «Нури Роғун» фаъолият мекунанд, Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Дарвозаи даромадгоҳи шаҳри Роғун аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 1 млн 14 ҳазору 947 сомонӣ ва навсозии кӯчаи сохтмончиёни шаҳр ва васеъ намудани он бо маблағи 9 млн 244 ҳазору 546 сомонӣ ба истифода дода шуд. Инчунин бинои комбинати хизмати маишӣ навсозӣ шуда, он ба маблағи 6 млн 915 ҳазору 165 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз се ошёна бо таҳхона ва ошёнаи манзарадор иборат буда, масоҳати умумии он 3170 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он бо таҷҳизоти замонавию гармидиҳӣ ҷиҳозонида шудааст»,-иттилоъ дод мудири шуъбаи сохтмони шаҳри Роғун Ҷунайдулло Шарипов.
«То ин муддат муассисаҳои мазкур дар биноҳои истиқоматии шаҳр фаъолият мекарданд ва ҳамеша ба мушкилӣ дучор мешуданд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 10 муассисаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соҳиби ҳуҷраҳои кори доимӣ ва таҷҳизоти замонавӣ гардиданд»,- иброз намуд муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза Файззода.

rohi-rogun rogun markazi-rogun

Декабрь 19, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад